Ҷамъбасти 6-моҳаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон

Июл 18
07:46 2018

Дар толори Беморхонаи клиникии ба номи Б.Вохидов бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор, сармутахассиси шўъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон Сафаров Ш.А  мушовараи ҷамъбасти 6-моҳаи Раёсати тандурустии вилоят доир гардид, ки дар кори он менеҷерони сохтори госпиталӣ, менеҷерони кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва роҳбарони Марказҳои вилоятӣ, Хадамотҳои тандурустӣ, Марказҳои назорати давлатӣ ва санитарии эпидимологии вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Дар баромади муовини сардор Шоназарова М.Ш қайд гардид, ки имрўз бо дастгирии Ҳукумати вилоят ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддию техникии муаасисаҳои тандурустӣ бо воридоти технологияҳои нави муосир сатҳи сифати хизматрасонӣ беҳтар гардида истодааст. Инчунин дар асоси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони соҳаи тандурустӣ  баҳри устувории заминаҳои моддию техникии иншоотҳои тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ аз хизматрасонии сифатноки тиббӣ ва таъмини амнияти санитарии қаламрави вилоят пайваста тадбирҳои судманд ба анҷом дода мешавад. Дар 6-моҳи соли ҷори 12 адад бунгоҳои саломатӣ ва 2 адад Марказҳои саломати деҳоти бо маблағи 2 млн 500 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумхуриии Точикистон ба сохтори госпиталии нохияи Панч бо маблағи 32853 сомони , темурмалик бо маблағи 32х585 сомони ва Шахритуз бо маблағи 32853 сомонӣ аз ҷониби Сафроатхонаи Ҳиндустон нақлиёти санитарии ёрии таъҷилӣ дастрас гардид. Маблағгузории  соҳаи тандурустии вилояти Хатлон бо тағироту иловаҳо нақшаи дар 6-мохи соли 2018 ба маблаги 178млн 292 ҳазору 500 сомонӣ, иҷроиш 16млн 477ҳазору 900 сомони ё 93 фоизро ташкил дод.

Дар охири ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор ба ҳамаи менеҷерони сохтори госпиталӣ, менеҷерони кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва роҳбарони Марказҳои вилояти, Хадамотҳои соҳаи  тандурустӣ, Марказҳои назорати давлати ва санитарии эпидимологии вилояти Хатлон оиди иҷроиши барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ дастурҳои мушахас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 578
  • 1,242
  • 949,598