“Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)”

Апрел 24
16:14 2024

Санаи 23-юми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, палковники адлия Насрутдинзода Қиёмиддин Шовалӣ ва сарнозири ҳамин раёсат майёри адлия Рабизода Диловар Намоз, сардорон ва кормандони раёсату шӯъбаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар воқеъ коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби замони муосир монеаи рушду пешрафти дилхоҳ соҳа мегардад. Аз ин рӯ, бояд тамоми қишри ҷомеа бар зидди он мубориза барад.

Баъдан, сардори шӯъбаи ҳуқуқи вазорат Рабиев Шералӣ доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Тавре гуфта шуд, бањри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишњои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2022, №507 “Дар бораи таъсиси гурӯҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ” ва аз 2 феврали соли 2023, №62 «Нақшаи амал оид ба амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024» тасдиқ карда шудаанд.

Муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, палковники адлия Насрутдинзода Қиёмиддин Шовалӣ зимни суханронии хеш доир ба талошу кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан сохтани коррупсия, роҳу усулҳои пешгирии ин амали номатлуб андешаронӣ намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 45
  • 989
  • 887,399