Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир ҳамарӯза масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳад

Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир ҳамарӯза масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳад
Июн 04
08:54 2020

Аз ҷониби Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани маълумотҳои оморӣ ва таҳлилӣ оид ба вазъи беморшавӣ ва солимшавӣ дар шабакаҳои госпиталӣ ва КАТС, қабули  шаҳрвандон оид ба ҳалли масъалаҳои хизматрасонии амбулаторӣ,  бистаринамоӣ, таъминот бо маводҳои доруворӣ, назорат ва мусоидат барои фаъолияти самараноки гурӯҳҳои кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Муассисаи давлатии «Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ» оид ба расонидани кӯмаки дастурию методӣ ба шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва дигар масъалаҳо давоми як шабонарӯзи охир  корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби раёсати мазкур ҷаласаи гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки коршиносони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои госпиталӣ ва КАТС оид ба баррасии масъалаҳои фавти беморон дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор гардида, вазъро таҳлил менамояд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии мамлакат гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад шаби 3 июни соли равон  як қатор масъулини вазорат ба  муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд. Аз ҷумла иҷрокунандаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири вазорат Илҳом Бандаев ба марказҳои саломатии шаҳрии №3 ва 5-и шаҳри Душанбе дидан намуд.

Зимни боздид масъулини вазорат бо фаъолияти шабонаи марказҳои саломатӣ шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд гуфт, ки ҳадафи сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 646
  • 1,242
  • 949,666