Табибони Тоҷикистон аввалин маротиба дар кишвар дар бахши нейроҷарроҳӣ як амалиёти мураккаби ҷарроҳиро бо муваффақият гузарониданд

Беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дар ин замина дастрас намудани шаҳрвандон ба усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Бемориҳои омосҳои майнаи сар аз ҷиҳати сохторҳои ҷойгиршавӣ дар марказҳои ҳаётан муҳими косахонаи сар ҷой гирифтан, ки ба фаъолияти кории инсон халал мерасонанд, яке аз мушкилотҳои соҳаи тибби ҷаҳон ба шумор мераванд.

Дар шуъбаи ҷарроҳии асаби Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” аввалин бор дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби микроҷарроҳӣ бо истифода аз микроскопи ҳозиразамон бо усули транскаллёзӣ, яъне гирифтани кистаи коллоидии қаъри меъдачаи 3-юм бо муваффақият гузаронида шуд.

Амалиёти нави ҷарроҳӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи нейроҷарроҳии кишвар, доктори илмҳои тиб, профессор Раҳмонзода Хуршед Ҷамшед ва номзади илмҳои тиб, дотсент Раҳимзода Нарзулло Одина анҷом дода шуд.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб, амалиёти ҷарроҳии кистаи коллиодии қаъри меъдачаи сеюм аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ яке аз қисмҳои ҷуқуртарини сохторҳои майнаи сар ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати анатомӣ низ он яке аз марказҳои ҳаётан муҳими организми инсон ба шумор меравад.

Тибқи адабиётҳои илмӣ, кистаи коллоидӣ дар майнаи сари инсон метавонад модарзодӣ ба назар расида, одам бо ин беморӣ ба дунё биояд ва баъдан дар давоми ҳаёт фоизнокии баланди беморӣ пайдо шавад.

То кунун чунин беморон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври паллиативӣ, яъне танҳо ба воситаи паст намудани фишори дохили косахонаи майнаи сар табобат мегирифтанд. Яъне, ҷараёни табобати қаблии чунин беморон муваққатӣ буд ва бемориро пурра бартараф намекард.

Хушбахтона, пас аз гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар бемор аломатҳои неврологӣ, ба монанди нуқсон ва норасогӣ дар фаъолияти ҷисмонӣ ва корӣ ба мушоҳида нарасид ва нуқсони дар бемор ҷойдошта пуррра бартараф карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бинобар сабаби ба таври микроҷарроҳӣ ба анҷом расонидани амалиёти ҷарроҳӣ беморон метавонанд баъд аз се ва ё чор рузи бистарӣ дар беморхона ба хонаашон рухсат дода шаванд.

Боиси қайд аст, ки дастгоҳи муосири дастрасгашта, яъне микроскоп, ки ба воситаи он амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ гузаронида шуд, дорои экрани калон аст, ки барои омӯзиши табибони ҷавон муфид мебошад.

Гузаронидани чунин усули нави мураккаби ҷарроҳӣ дар бахши нейроҷарроҳӣ пас аз гузаштан аз курсҳои омӯзишӣ дар як қатор кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили ИМА, Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳо, ҳамзамон истифодаи таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ба табибони Тоҷикистон имконпазир гашт.

Бояд гуфт, ки бахши нейроҷарроҳӣ яке аз мураккабтарин бахшҳои соҳаи тиб ба шумор меравад, ки ташхису табобати беморон дар ин самт аз табибон донишу малака ва таҷрибаи баланди касбиро талаб менамояд.

Боиси хушнудист, ки давоми солҳои охир маҳз дар натиҷаи таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан ба рушди соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши нейроҷарроҳии кишвар низ табибони ватанӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд. Дар амал иҷро намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар бахши нейроҷарроҳии мамлакат бори дигар аз рушди ин соҳаи муҳими тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search