Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳамватанони азиз ва алоқамандони риштаи футболро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол табрику шодбош менамоям.

Бо қаноатмандӣ метавон иброз дошт, ки иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди инфрасохтори варзишӣ, аз ҷумла сохтмони варзишгоҳҳо ва тарғибу ташвиқи насли наврас ва аҳли ҷомеа ба тарзи ҳаёти солим боиси рушду тараққиёти босуръати футбол ва дигар намудҳои варзиш дар Тоҷикистон гардидааст.

Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо варзиш дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин самт қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва танзим намуда, асоси ҳуқуқии баргузор намудани чорабиниҳои варзиширо бо мақсади солим нигоҳ доштани аҳолии кишвар, махсусан ҷавонон таъмин менамояд.

Хурсандиовар аст, ки ҳамасола варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва олимпиадаҳо фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд ва Парчами муқаддаси кишварро баланд бардошта, кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Созмони Милали Муттаҳид соли 2024 қатънома қабул намуд, дар асоси он ҳамасола 25 май «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эълон гардид.

Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми сарбаланди Тоҷикистон дастгирии гарм ёфта, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз он ҷумла дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои футбол, фестивалу идҳои футбол баргузор шуда истодаанд.

Дар ҳамин замина, қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади таҷлили сазовор аз «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ҷашни зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иди касбӣ – “Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистон” санаи 23 майи соли равон маросими ботантанаи кушодашавии мусобиқаи 20-уми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ 19 мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои мардонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта, чунин мусобиқаҳо дар марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар байни кормандони тандурустӣ низ гузаронида шуданд, ки дар онҳо ҳазорон табибон, дустдорони футбол иштирок намуданд.

Мақсад ва вазифаҳои ин мусобиқа пеш аз ҳама ташвиқу рушд ва инкишофи минбаъдаи футбол, тарғиби бозии футбол дар байни кормандони соҳа, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷумҳурӣ мебошад, зеро варзишу тандурустӣ қисмҳои аз ҳамдигар ҷудонашаванда мебошанд.

Бори дигар тамоми варзишгарону мухлисони футболи мамлакатро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуда, таманнои онро дорам, ки бигзор мардуми сарбаланди кишвар ҳамеша саломату сарбаланд ва муваффақу хушбахт бошанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вохурӣ бо Директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейесус ва иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланд

Чаро мардон бештар ба бемории сил гирифтор мешаванд?

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram