«Татбиқи лоиҳаҳо дар доираи фармоиши иҷтимоии давлатӣ оид ба расонидани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва кӯмак дар самти ВНМО/БПНМ ва сил, инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ»

23-юми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба «Татбиқи лоиҳаҳо дар доираи фармоиши иҷтимоии давлатӣ оид ба расонидани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва кӯмак дар самти ВНМО/БПНМ ва сил, инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ» ҷаласаи корӣ баргузор гашт.

Дар ҷаласаи корӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, котиби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубриза бо ВНМО/БПНМ, бемории сил ва вараҷа Зиёвуддин Авғонов, намояндагони сохторҳои алоқаманди кишвар, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мутахассисони соҳа ширкат намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки яке аз талаботи асосии донори калидии ин барномаҳо, яъне Хазинаи глобалӣ-ин таъмини устувории дарозмуддати барномаҳо мебошад, ки дар баробари он ҷалби низомии ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба расонидани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва профилактикӣ ба гурӯҳҳои осебпазир низ меистад.

Гуфта шуд, ки агар дар марҳалаи аввал маблағгузории давлатӣ танҳо як ташкилоти ғайриҳукуматиро фаро мегирифт, пас дар соли 2025 аллакай се ташкилоти ғайриҳукуматӣ татбиқи лоиҳаҳоро дар самти ВНМО ва сил бо маблағгузории давлатӣ тавассути механизми шартномаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мондаанд. Ин як қадами муҳим ва далели равшани тамоюли мусбати сиёсӣ дар самти густариши ҳамкорӣ бо бахши ғайриҳукуматӣ мебошад.

Иброз гардид, ки нақши муассир ва калидии ташкилотҳои ғайриҳукуматиро дар фарогирии гурӯҳҳои осебпазир, расонидани кӯмак, машварат, роҳнамоӣ ба табобат ва дастгирии иҷтимоӣ ба таври комил эътироф карда мешаванд. Аз ин рӯ, на танҳо маблағгузории мунтазами ин хизматрасониҳо,

Илова бар ин, стандартҳои расонидани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори ВНМО, шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва беморони сил таҳия ва қабул шудаанд. Ин як марҳалаи муҳим дар самти институтсионализатсия ва эътирофи нақши хизматрасониҳои иҷтимоӣ ҳамчун ҷузъи таркибии ҷавоби мукаммал ба ин бемориҳо мебошад.

Дар идомаи машварати корӣ оид ба баррасии мавзӯи «Амалисозии фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар самти хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва кӯмак барои беморони ВНМО/БПНМ ва сил, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байни муассисаҳои давлатии соҳавӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ» байни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Ифтитоҳи беморхонаи сироятӣ дар ноҳияи Роштқалъа

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд

Баррасии масъалаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вохурии роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Натиҷагирӣ аз рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар нимсолаи аввали соли 2025

Вокуниш: Бемории саратон бо шири гов табобат намешавад

Search