Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ бо иштироки бонувони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.
Дар ин аксия занону бонувони вазорат бо либосҳои анъанавии тоҷикӣ, ки зебоӣ ва рангорангии фарҳанги миллиро таҷассум менамоянд, фаъолона ширкат варзиданд.
Дар доираи ин иқдом либосҳои миллии тоҷикона, аз ҷумла атлас, чакан ва дигар намунаҳои сару либоси миллӣ муаррифӣ карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат ба ҳисоб рафта, ёдгоре аз гузаштагон мебошад, ки дар тӯли асрҳо зебоӣ ва арзиши худро ҳифз намудааст.




