“Вазъи тавонбахшии кӯдакони маъюб, дастгириҳо, мушкилотҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо”

21-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Вазъи тавонбахшии кӯдакони маъюб, дастгириҳо, мушкилотҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо” мизи мудаввар доир гашт, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Фахриддин Юсуфзода, намояндагони сохторҳои алоқаманди кишвар, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҳабибулло Хайруллозода мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, саҳми он дар беҳтар намудани саломатии маъюбон назаррас мебошад.

Бояд гуфт, ки тавонбахшӣ ба кӯдакони дорои маъюбият имкон медиҳад, ки онҳо дар оянда мустақилона зиндагӣ намуда, дар ҷомеа ҳамчун як шахси тавоно иштирок намоянд.

Вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карда буданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробон монда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми октябри соли 2016, №455 “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қабул карда шуда буд, ки мақсади асосии он баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб ва фароҳам овардани муҳити мусоид ба шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар мамлакат даҳҳо хона-интернатҳо, муассисаҳои санаторию курортӣ, марказҳои будубоши рӯзона, марказҳои минтақавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар сохторҳои соҳавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонӣ ба бошандагони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маротиб беҳтар гардида истодааст.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор иштирокдорон доир ба самтҳои гуногуни “Вазъи тавонбахшии кӯдакони маъюб, дастгириҳо, мушкилотҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо” бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search