Вазири тандурустии Белорус Александр Ходжаев ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ташриф овард

Дар доираи иштирок дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ имрӯз, 02-юми октябри соли равон Александр Ходжаев, вазири тандурустии Ҷумҳурии Белорус аз Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” дидан ба амал овард.

Зимни ташриф номбурда нахуст аз рафти фаъолияти шуъбаи қабули калонсолон, аз ҷумла бахши ҷарроҳии асаб ва дигар шуъбаҳои он дидан кард.

Дар толори лексионии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки дар ҳудуди ин муассисаи тандурустӣ ҷойгир аст, вазири тандурустии Ҷумҳурии Белорус бо донишҷӯёни курси якум вохурӣ намуда, ба таҳсили ояндаи онҳо барору муваффақият таманно намуд.

Инчунин, вазири тандурустии Ҷумҳурии Белорус Александр Ходжаев аз Маркази нефрология ва гемодиализ ва шуъбаи ҷарроҳии асаби №1-и Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” низ дидан кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search