Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Дар асоси озмун ба раёсату шуъбаҳо ва

бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат довталабҳо аз рӯи мансабҳои зерин ба кор қабул карда мешаванд.

        1.Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир:

– сармутахассиси Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир (1 ҷой), маош 2440,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ.

– мутахассиси Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир (1 ҷой), маош 1638,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ.

2.Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ:

– сармутахассиси Шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 2440,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ.

– сармутахассиси Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ (1 ҷой), маош 2440,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ.

3.Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:

– сармутахассиси шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1 ҷой), маош 2440,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ.

         4. Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм:

– сармутахассиси Шуъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм (1 ҷой), маош 2440,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ. 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ.

– мутахассиси Шуъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм (1 ҷой), маош 1638,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ ва гуманитарӣ.

5.Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ:

мутахассиси пешбари бахши хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ (1 ҷой), маош 1987,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ ва фарматсевтӣ. 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.

6.Шуъбаи ҳуқуқ:

мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳуқуқ (1 ҷой), маош 1987,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ. 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.

         7.Шуъбаи назорат коргузорӣ ва корҳои махсус:

  – мутахассиси Шуъбаи назорат коргузорӣ ва корҳои махсус (1 ҷой), маош 1638,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии тиббӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва омузгорӣ.

         8 .Шуъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибот:

мутахассиси пешбари Шуъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибот (1 ҷой), маош 1987,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии бухгалтерӣ. 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ.

  9.Шуъбаи аудити дохилӣ.

Сардори Шуъбаи аудити дохили (1 ҷой), маош 3265,00 сомонӣ. Талабот барои довталабон маълумоти олии бухгалтер-аудит. 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии (анкетаи) баҳисобгирии кадрӣ;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

– 2 дона расми 4х6;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (бағайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома аз мақомоти андоз (оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулкӣ);

– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);

– маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошед);

– маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан.

Суроғаи мо: Индекс 734025 ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко 69,

Тел: 221-19-59.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Берлин: Ҳамкории Тоҷикистон ва ТУТ баррасӣ гашт

Search