Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Худоёров Асилбек

02-юми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Худоёров Асилбек Анварович, ки барои иштирок дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташриф овард, вохурӣ намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Худоёров Асилбек Анваровичро барои ташриф овардан  ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, вохурии мазкурро фурсати хубе барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ кард.

Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону  Ӯзбекистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи сиёсати созандаи сарони ду кишвари дӯсту бародар айни ҳол дар сатҳи хуб қарор дорад ва ҳанӯз ҳам имконияту зарфиятҳои зиёде баҳри густариши онҳо низ вуҷуд дорад.

Дар ин замина, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор додани Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” намунаи олии ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ арзёбӣ гашт.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар доираи сиёсати дӯстонаву бародаронаи Роҳбарони сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2021 ба тариқи маҷозӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуда буд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ  бомаром идома ёфта,  дар ин ҷода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳанд бурд.

Вохурӣ дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум доир гашт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search