Вохурии Саломуддин Юсуфӣ бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ

15-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ доир гардид.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ташрифи меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ барои кишвари мо яке аз шарикони боэътимод маҳсуб меёбад ва он бахусус дар самти рушди тандурустӣ саҳми сазовор дорад.

Роҳбари миссияи Бонки ҷаҳонӣ Тахакиро Хасумӣ, сармутахассис оид ба масъалаҳои тандурустии бонки мазкур иброз дошт, ки танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамбастагии зич бо роҳбарияти вазорат ва раёсату шуъбаҳо ва мутахасисони таҷрибадору варзида метавон ба мақсадҳои дар пешгузошта расид.

Дар навбати худ Свен Нилсен, сармутахассис оид ба масъалаҳои иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ мақсади ташрифи миссияро шарҳ дода, зикр намуд, ки ин навбат ду масъалаи асосӣ моро дар пеш аст. Якум масъалаи реформаи маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва дуввум натиҷаҳои асосии татқиқоти нишондиҳандаҳои пешниҳоди хизматрасониҳо дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ барои солҳои 2024 –2025.

Дар вохурӣ ҳамчунин Малика Ҳакимова, ҳамоҳангсози кишварии Механизми Глобалии маблағгузорӣ оид ба саломатии занон, кӯдакон ва наврасон ва сардорони раёсату шуъбаҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳузур доштанд.

Дар интиҳои вохурӣ Саломуддин Юсуфӣ қайд намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ҳамкориҳои судманд ба хотири рушди соҳа бо шарикони рушд ҳамеша омодааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search