Имрӯз, 4-уми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ, ки оид ба рафти амалисозии “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” аз 24 феврал то 4 марти соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод, вохурӣ намуд. Дар вохурӣ Паоло Белли – роҳбари миссия дар самти ҳифзи иҷтимоӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Анна Сухова -Таск менеҷери лоиҳа, Солен Ружо -Таск менеҷери лоиҳа, Ҷамшед Каримов-роҳбари лоиҳа ва як қатор масъулини вазорат иштирок доштанд.

Зимни вохурӣ нахуст Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди дуҷониба ёдовар шуд.
Баъдан, номбурда суханро барои пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба самтҳои фаъолияти лоиҳа ва раванди иҷроиши он ба роҳбари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамшед Каримов дод.

Қайд гардид, ки лоиҳаи мазкур дар асоси 2 созишномаи маблағгузории грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, дар ҳаҷми умумӣ баробар ба 37,5 млн. доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, аз ҷумла Созишномаи маблағгузории грантӣ аз 30 июни соли 2023 “Оид ба маблағгузории лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (№E1600-TJ) дар ҳаҷми баробар ба 35,0 млн доллари ИМА ва Созишномаи маблағгузории грантӣ аз 30 июни соли 2023 “Оид ба Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кўдакон ва наврасон” (№TF0791-TJ) дар ҳаҷми 2,5 млн. доллари ИМА.
Зикр шуд, ки лоиҳаро 2 оҷонсии татбиқкунанда амалӣ менамоянд: Гуруҳи татбиқи Лоиҳа-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бо маблағи баробар ба 21,1 млн доллари ИМА ва Гуруҳи татбиқи Лоиҳа-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо маблағи баробар ба 16,4 млн доллари ИМА.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати имрўза 43 фоизи маблағҳои ба Гуруҳи татбиқи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ додашуда азхуд карда шуданд.
Аз ҷумла дар доираи лоиҳаи номбурда кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати дар сатҳи пасти даромад қарордошта ба 112 689 чунин оилаҳо ҳаҷми 67 613 400 000 сомонӣ расонида шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини саривақтии пардохтҳои кумаки яквақтаи иҷтимоӣ чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва коммуникатсионӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ гузаронида шуданд. Илова ба ин, тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла телевизиону радио, матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетӣ низ оид ба масъалаи мазкур маводҳои иттилоотӣ ба нашр расиданд.

Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои лоиҳа 3 намуди шакли варақаҳо барои муроҷиаткунандагон бо теъдоди умумии 720 ҳазор нусха, ҷувздон барои нигаҳдории ҳуҷҷатҳои муроҷиаткунандагон бо теъдоди 240 ҳазор адад, буклети саволу ҷавобҳо оид ба кумакҳо ва баррасии арзу шикоятҳо бо теъдоди 10 ҳазор адад, ҳамзамон дигар ҳуҷҷатҳои зарурии корӣ ва маводҳои таблиғотӣ табъу нашр гардида, ба сохторҳои маҳалии ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо дасрас карда шуданд.
Бо мақсади азнавсозии системаи амалкунандаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ), бо дарназардошти зиёд шудани андозаи кумакпулӣ ва иловапулиҳо ба он тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488, инчунин ҷиҳати рақамикунонии раванди ташхис ва бақайдгирии шахсони имконоти саломатиашон маҳдуд ширкати барномасози байналмилалии “Интерсофт” ҷалб гардидааст, ки қарордоди хизматрасонӣ бо ширкати мазкур рузҳои наздик ба тасвиб расонида хоҳад шуд.
Ҷиҳати рақамикунонии низоми нафақа дар самти автоматикунонии пардохти нафақа дар муассисаҳои бонкӣ, ташаккули махзани электронии нафақахурон ва таҳияи модули иттилоотии мубодилаи байнисоҳавӣ Созишномаи сеҷониба ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба тасвиб расонида шуда, дар асоси он мушаххасоти техникӣ барои хариди таҷҳизоти компютерӣ (моноблок, принтер, сервер ва дигар воситахои техникӣ) омода гардида, айни замон дар марҳилаи мувофиқакунонӣ бо Бонки ҷаҳонӣ қарор дорад.

Тибқи ҳадафҳо дар доираи маблағгузории Лоиҳа модулҳои (махзани) иловагии электронӣ оид ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ таҳия ва ҷорӣ карда мешаванд, аз ҷумла модули хизматрасониҳои тавонбахшӣ, модули хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хона, модули хона-интернатҳо, модули хизматрасонӣ ба пиронсолон, модули хизматрасонӣ ба кудакони осебпазир, модули электронии марказҳои фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, модули хизматрасониҳои санаторию-курортӣ, модули электронии таҷҳизотҳои ассистивӣ ва модули ҳамгирошудаи кейс-менеҷмент.
Ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми ҳамгирошудаи кейс-менеҷмент барои хизматрасониҳои иҷтимою тиббӣ ба занон, кўдакон ва наврасони осебпазир, дар асоси таҳлили вазъи инфрасохтори хизматрасонии иҷтимоӣ 5 шаҳру ноҳия барои ба таври озмоишӣ (пилотӣ) ҷорӣ намудани низоми мазкур интихоб шуданд.
Илова ба ин, дар доираи лоиҳа як қаттор чорабиниҳои харид роҳандозӣ гардиданд, аз ҷумла озмуни ҷалби ширкати маҳаллӣ барои гузаронидани татқиқоти арзебии самаранокии низоми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат гузаронида шуда, дар марҳилаи баимзорасии шартнома қарор дорад, озмуни ҷалби ширкати машваратӣ барои таҳияи барнома, маҷмӯи дастурҳо ва тавсияҳои методӣ оид ба низоми ҳамгироишудаи «кейс-менеҷмент» гузаронида шуда, дар марҳилаи гуфтушуниди бастани қарорди хизматрасонӣ бо як ширкати байналмиллалӣ қарор дорад, барои ҷалби ширкати маҳаллӣ барои интиқол ва насби таҷҳизоти серверӣ аз бинои кӯҳнаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба бинои вазорат озмун гузаронида шуда, шартнома баста шудааст, озмуни байналмиллалӣ барои хариди таҷҳизоти серверӣ ва компютерӣ барои муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шуда, дар марҳилаи арзёбии пешниҳодҳои тендерӣ қарор дорад.
Дар фарҷоми вохурӣ намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ қайд намуданд, ки раванди амалисозии лоиҳа, дар маҷмуъ қонеъкунанда буда, ҳамзамон ба масъулони лоиҳа дастур дода шуд, ки барои иҷрои саривақтии чорабиниҳои банақшагирифта тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари корӣ ҳамзамон миссияи Бонки ҷаҳонӣ бо кормандони “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вохурӣ анҷом дода, бо рафти фаъолияти кории онҳо шинос шуд.