Вохурии техникӣ оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ

18-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи босамари “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ҷиҳати муаррифии таҷрибаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ дар панҷ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2024, №438 вохурии техникӣ оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ баргузор гашт.

Дар вохурии техникӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири молия Сарвар Қурбониён ва дигар мутасаддиён ширкат варзиданд.

Қайд гардид, ки ҳадафи асосии ҷаласа фароҳам овардани заминаи муколамаи касбӣ ва созанда байни мақомоти марказӣ, намояндагони минтақаҳо ва шарикони рушд ҷиҳати муайян намудани қадамҳои минбаъдаи ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ мебошад.

Тавре гуфта шуд, тайи солҳои охир дар кишвар чораҳои пай дар пай барои гузариш ба механизмҳои самаранок, шаффоф ва ба натиҷа нигаронидашудаи маблағгузории соҳа андешида мешаванд. Дар ин раванд таҷрибаи минтақаҳои таҷрибавӣ аҳамияти махсус дошта, имконият медиҳад то натиҷаҳои воқеӣ, мушкилоти мавҷуда ва самтҳои такмили минбаъда муайян карда шаванд.

Ҳамин тавр, зимни вохурии мазкур доир ба таҷрибаи ислоҳоти механизми нави маблағгузории тандурустӣ дар вилояти Суғд Абдураҳмонов М.И., сардори шуъбаи механизми нави маблағгузории Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва дар масъалаи харидҳои стратегӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон: моделҳои институтсионалӣ ва имкониятҳои фискалӣ намонядагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон маълумот доданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search