Вохурии Зулфия Абдусаматзода бо гурӯҳи мутахассисони тибби Ҷумҳурии Қазоқистон

Имрӯз, 12-уми июни соли 2026 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ембергенова М.Х., сардори Раёсати ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин аъзоёни ҳайати қазоқистонӣ, кормандони раёсатҳои ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалӣ, ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷамъбасти натиҷаи ташрифи мутахассисон аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Зулфия Абдусаматзода меҳмононро пазироӣ намуда, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар асоси созишномаҳои баимзорасидаи байниҳукуматӣ аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи табибони Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори миннатдорӣ баён кард.

Баъдан, Ембергенова М.Х., сардори Раёсати ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон барои меҳмоннавозии гарм ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани мубодилаи таҷриба ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорӣ намуда, ба таври мухтасар аз натиҷаи ташриф ба муассисаҳои таваллудӣ ва кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Дар навбати худ Зулфия Абдусаматзода, муовини соҳавии вазир оид ба корҳои дар солҳои охир анҷомдодаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон ба меҳмонон маълумот пешниҳод карда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ва давом додани ҳамкориҳои дуҷониба бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон андешаронӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи санадҳои қабулгардидаи дуҷониба, мутахассисон аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳайати ташкилотчиёни тандурустӣ, табибони акушер – гинеколог, неонатолог, ҷарроҳони навзодон ва кӯдакон ва табибони кӯдакон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубодилаи таҷриба ташриф оварданд.

Сафари кории меҳмонон аз 8-ум то 12-уми июни соли 2026 идома ёфта, дар ин муддат онҳо аз муассисаҳои давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, “Маркази саломатии №15”-и шаҳри Душанбе, “Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”, “Маркази перинаталии шаҳри Бохтар ва Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод боздид намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Хатлон. Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди ҷарроҳии инноватсионӣ дар Тоҷикистон”

Таҷлили Рӯзи Ғалаба ва оғози мавсими табобату истироҳат дар “Харангон”

Ҷаласаи сеюми Кумитаи роҳбарикунанда оид ба лоиҳаи “Беҳтаргардонии сифати хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ”

Доир ба баррасии масъалаҳои муҳими соҳаи ҷарроҳӣ Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ доир гашт

“Раванди амалисозии таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат”

Миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译