Имрӯз, 31-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе вобаста ба таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳими соҳаи ҷарроҳӣ Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ оғоз гашт, ки дар кори он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, мутахассисони варзида аз кишварҳои дуру наздик ва ҷарроҳони кишвар иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни ифтитоҳи симпозиуми мазкур иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар сохтори тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷараёни бозсозии соҳа, аз ҷумла таҳияи заминаи нави қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ, системаи идоракунӣ ва маблағгузорӣ такмил дода шуда, дар ин замина раванди беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббии муосир рушд ёфт.
Беморхонаи МIOT International дар ҳамкории бевосита бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори асосии баргузории Симпозиуми мазкур иқдоми наҷиберо пеша кардааст, ки тавассути он мубодилаи таҷриба байни мутахассисони баландихтисоси ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати рушди ҳамкори пайваста ва омӯхтани дастовардҳои навини амалияи ҷарроҳӣ, хусусан соҳаи саратоншиносӣ мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки тайи солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муассисаҳои тиббии мамлакат аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ харидорӣ ва насб гардида истодаанд.
Яке аз вазифаҳои асосӣ ва мубраме, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар даврони истиқлолият, алалхусус тайи солҳои охир дар назди худ гузоштааст, ҳарчӣ бештар ворид намудани усулҳои мураккаб ва муосири ташхис ва табобат дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ мебошад. Бинобар ин, таъкид гардид, ки акнун марҳилае фаро расидааст, ки мутахассисони соҳавӣ барои самаранок ва мақсаднок мавриди истифода қарор додани таҷҳизоти муосири мавҷуда ҷиҳати натиҷабахш анҷом додани амалиётҳои ҷарроҳӣ технологияҳои мавҷударо оптимизатсия намоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи ҳамоиш дирӯз конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои актуалии ҷарроҳии реконструктивӣ ва инноватсионӣ» низ баргузор гардид, ки ба фаъолияти соҳаи микроҷарроҳии реконструктивӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар чорабинии мазкур, ки бо ташаббус ва дастгирии техникии бевоситаи мутахассисони соҳаи ҷарроҳии сатҳи ҷаҳонӣ гузаронида шуд, дастоварду муваффақияҳои муҳими соҳаи ҷарроҳӣ, аз ҷумла саратоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни баргузории симпозиуми мазкур раванди воридсозии инноватсия дар соҳаи ҷарроҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сармуассисаҳои соҳавӣ ва қисмати амалияи муассисаҳои олии таълимии мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи ҷарроҳии ковокии шикам, саратоншиносӣ, онкоурология, онкогинекология, ҷарроҳии кӯдакона, пайвандсозии узвҳо, ҷарроҳии рагҳо ва ғайра муаррифӣ гардиданд
Ҳамин тавр, дар давоми ду рӯзи баргузории симпозиум мавзӯъҳои оризаҳои панкреонекроз, равандҳои тағйирпазири табобати ҷарроҳии саратони ғадуди зери меъда, табобати саратони колоректалӣ дар Тоҷикистон, принсипҳои нигоҳдории ғадуди ширӣ ва техникаи онкопластика, ҷарроҳиҳои ковоки шикам ва қафаси сина – дирӯз ва вазъи имрӯза, дастовардҳои охирони табобати саратони гарданаки бачадон, масъалаҳои мубрами бемориҳои кӯдакона ва ҷарроҳии кӯдакона, истифодаи усулҳои муосири эндоваскулярӣ ҳангоми ҷарроҳии дилу рагҳо, раванди роҳандозии технологияҳои инноватсионӣ дар самти осебшиносӣ ва раддодӣ, инчунин ҳангоми назорату табобати синдроми метаболикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷониби коршиносони ватаниву хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Дар умум, таҷрибаи андухта зимни баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд имкон медиҳад, ки аз дастовардҳои пешқадам, алалхусус равандҳои амалиёти ҷарроҳӣ дар самтҳои мухталиф, марҳилаи тоҷарроҳӣ, ҳангоми ҷарроҳӣ ва баъд аз ҷарроҳӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҳадди ақал каминвазивӣ роҳандозӣ намудани амалиётҳо, инчунин роҳи ҳалли мушкилиҳо дар ин раванд мутахассисони ватанӣ бархурдор гарданд.
Қайд кардан лозим аст, ки ин чорабинӣ ҳамчун пойгоҳ ва ё платформаи ниҳоят муҳими мубодилаи таҷрибаи пешқадам байни мутахассисони соҳибтаҷрибаи тиббии Осиёи Марказӣ хоҳад гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки Симпозиуми мазкур то 01-уми июни соли равон идома мекунад.