Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар саҳифаи инстаграми шаҳрванд Шаҳлои Гулхоҷа бо номи “Хомушак роҳгум задааст? навори видеоии як корбар ба нашр расидааст, ки муаллифи навор иддао мекунад, ки дар дохили шишаи маҳлули Лидокаина Гидрохлорид, истеҳсоли ҶДММ “Тиб барои Шумо” хомушак пайдо кардааст.

Вале ин навори видеоӣ кай, дар куҷо ва аз ҷониби кӣ сабт ва барои нашр пешниҳод гаштааст, муайян набуда, ҳамзамон шишаи маҳлули мазкур, ки шаҳрванд дар навори видеоии хеш нишон медиҳад, бе силсилаи рақам мебошад.

Пас аз нашр ва паҳн гаштани навори видеоии мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳи кории Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ ва санҷиш қарор дод.

Санҷиши гурӯҳи корӣ нишон дод, ки шишаи маҳлули Лидокаина Гидролорид, истеҳсоли ҶДММ “Тиб барои Шумо” дорои силсилаи рақам мебошад.

Дар рафти санҷиши гурӯҳи корӣ раванди истеҳсоли маҳлули мазкур дар ҶДММ “Тиб барои Шумо” бори дигар бозбинӣ гашта, ҳолати навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргашта доир ба маҳлули мазкур асоси воқеӣ доштани худро наёфт. Ҷараёни истеҳсоли маҳлули мазкур, ки дар навори видеоии зер инъикос гаштааст, ин гуфтаҳоро собит месозад.

Дар ин замина, аз шаҳрвандони кишвар бори дигар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми пайдо шудани масъалаву мушкилотҳо доир ба ҳолати маводҳои доруворӣ қабл аз нашру пахши наворҳои ҳангомабарангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки рақамҳои боварии он дар тамоми дорухонаҳо дар лавҳаҳо ҷой дода шудааст, муроҷиат намоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search