Муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2025, №260 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026»-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкориҳои пайваста бо ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Ба хотири равшанӣ андохтан ба масъалаҳои гузаронидани фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ суҳбате оростем бо сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Зайнулло Аъзам, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:
– Муҳтарам Шарифзода Зайнулло Аъзам, нахуст мехостем бифаҳмем, ки барои муътадил гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ то кунун чӣ тадбирҳо амалӣ карда шудаанд?
-Ташаккур барои саволи бамаврид. Тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида, аз тарафи роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо амалӣ шудаанд. Вобаста ба ин, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои дахлдори муассисаҳои соҳа ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.
-Ба хотири пешгирии такрорёбии камбудиҳои давраҳои гузашта чӣ чораҳо ба сомон расонидед?
– Дар ин замина, аз тарафи роҳбарияти вазорат ба тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супоришҳои мушаххас дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии такрорёбии камбудиҳои дар давраи солҳои сипаришуда тадбирҳои муассиру саривақтӣ андешида, вобаста ба иҷроиши бандҳои дахлдори нақша-чорабиниҳо ҷиҳати истифодаи самараноки маблағҳои ба ин мақсад ҷудошуда, таъмини гармӣ, қувваи барқ, об, ангишт, ҳезум, маводҳои сӯзишворӣ, хурока, хизмати алоқа, интиқоли партовҳо, пардохти қарзи коммуналӣ ва пешгирии ҳолатҳои бехатарӣ аз сухтор чораҳои зарурӣ андешида шавад.
-Барои мавсими тирамоҳу зимистони 2025-2026 чӣ миқдор захираҳои ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ пешбинӣ шудааст ва дар асл чӣ миқдор захира карда шудааст?
– Бояд гуфт, ки Нақшаи захираҳои ангишт 11727,1 тонна пешбинӣ гардида, дар асл 11826,0 тонна (101,1%), ҳезум 6631,7 м³ дар асл 6855,0 м³ (103,4%), сӯзишворӣ 78179 литр дар асл 83325 литр (106,6%) захира карда шудааст.
Инчунин, Нақшаи захираи маводи ғизоӣ, аз ҷумла картошка 206,8 тонна, пиёз 102,9 тонна, равған 34406 литр, орд 197,7 тонна, бринҷ 39,8 тонна, шакар 33,6 тонна ва дигар намуди хӯрока 181,7 тонна захира гардида, тибқи талабот хароҷот гардида истодааст.
Дар баробари корҳои дар боло зикршуда, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти беморон бо маводи ғизоӣ дар назди як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ 141,7 га замин ҳамчун заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шуд, ки аз ин 92,7 га заминҳои полезӣ ва 49,0 га боғҳои мевадиҳанда ва дарахтони сояафканро дарбар мегирад. Дар заминҳои полезӣ сабзавотҳо аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, лаблабу, каду ва дигар маҳсулот парвариш карда шуда, барои ғизои беморон мавриди истифода қарор дода шуданд.
-Ҳолати генераторҳои барқӣ ва дегхонаҳои буғӣ дар муассисаҳои тандурустӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?
– Бояд гуфт, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дорои 912 адад генераторҳои барқӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Миқдори дегхонаҳои буғӣ дар ҳолати корӣ 242 ададро ташкил медиҳад, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16 адад, вилояти Хатлон 17 адад, вилояти Суғд 154 адад, шаҳри Душанбе 3 адад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 34 адад ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ 18 адад мебошанд.
-Муассисаҳои тандурустии ҳудуди шаҳри Душанбе чӣ қадар ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст шудаанд ва чанд то аз дегхонаҳои локалӣ истифода мебаранд?
Мавриди зикр аст, ки масъалаи гармидии муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта муассисаҳои алоқаманд аз назорати мутахассисони шабакаҳои гармидиҳї гузаронида гузаронида шуда ба онҳо шиносномаи омодагӣ барои қабули неруи гармӣ дода мешавад.
-Аз 116 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд, 95 муассиса (47 муассисаи ҷумҳуриявӣ, 48 муассисаи шаҳрӣ) ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мебошанд, 12 муассиса (4 муассисаи ҷумҳуриявӣ, 8 муассисаи шаҳрӣ) аз дегхонаҳои локалӣ гармиро истифода мебаранд ва 9 муассиса (3 муассисаи ҷумҳуриявӣ, 6 муассиса шаҳрӣ) системаи дохилӣ барои қабули гармии муттамарказ омода буда, дар ҳолати гузаронидани хатҳои шабакаҳои гармидиҳӣ ба ин хатҳо пайваст карда мешаванд.
Як нуқтаи дигарро қайд кардан мехоҳам, ки айни ҳол дар муассисаҳои тандурустии кишвар 12081 адад печкаи барқӣ ва 4997 адад печкаи аловӣ барои истифодабарӣ омода ҳастанд.
-Дар охир мехостем бифаҳмем, ки дар доираи маблағҳои ҷудогардида кадом корҳои таъмирӣ анҷом дода шудаанд?
– Вобаста ба масъалаи мазкур роҳбарони муассисаҳои соҳа бо назардошти афзалият барои самаранок гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар мадди аввал корҳои таъмири қубурҳои обгузар, боми бинои муассисаҳо, намои берунаи муассисаҳо, шишабандӣ, корҳои таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоотҳоро анҷом дода, корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам иброз намоям, ки муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои муътадил гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 омодаанд.
-Муҳтарам Шарифзода Зайнулло Аъзам, ташаккур барои чунин суҳбати ихтисосӣ. Ба фаъолияти минбаъдаатон барору муваффақият хоҳонем.
Суҳбаторо Азиза Самадова,
корманди Маркази матбуоти
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон


