Шаҳло Ашуриён сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат таъин гашт

Шаҳло Ашуриён 12-уми майи соли 1980 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2002 факултаи умумитиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо ихтисоси кори табобатӣ, соли 2019 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм кардааст.

Ҳамзамон Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба итмом расонида, сазовори диплом гаштааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2002 ба сифати табиби минтақавии Маркази саломатии шаҳрии №9-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, то соли 2007 дар маркази мазкур фаъолият кардааст. Сипас солҳои 2007 – 2011 дар мансабҳои мутахассис, мутахассиси пешбар ва сармутахассиси Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2011 то соли 2015 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм фаъолият намудааст.

Соли 2013 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Бемориҳои диққи нафас дар кудакон» ва соли 2024 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Бемориҳои диққи нафас дар кудакон бо ҳамрадифи бемориҳои метаболикӣ” ҳимоя намудааст.

Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар мебошад.

Бо мукофотҳои соҳавии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардидааст.

Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Аз моҳи майи соли 2015 то 24 июли соли 2025 ба ҳайси директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» адои вазифа намудааст.

25 июли соли 2025 сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search