ВОХУРИИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО МИССИЯИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

Имрӯз, 21-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ доир ба шарҳи миёнамуҳлати рафти тадбиқи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” таҳти роҳбарии хонум Анна Сухова баргузор гардид. Дар вохурӣ инчунин муовини вазир Ҳабибулло Хайруллозода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, роҳбари Хадамоти экспертизаи давлатии тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода, роҳбари Гуруҳи татбиқи лоиҳа Ҷамшед Каримов ва  дигар масъулони вазорат иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба роҳбарияти Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.

Дар рафти вохурӣ иттилоъ дода шуд, ки ҳадафи лоиҳа дастгирии гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ аз таконҳои иқтисодию иҷтимоӣ, мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ ва мукаммалгардонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, барои ноил шудан ба ин ҳадаф аз оғози тадбиқи лоиҳа як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

Дар рафти вохурӣ ба масъалаву мушкилотҳои дар самти татбиқи лоиҳа ҷойдошта таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Тавре зикр гашт, ҳаҷми маблағи умумии лоиҳа дар доираи қисматҳое, ки амалисозии онҳо ба гурӯҳи татбиқи лоиҳаи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор шудаанд, 16,4 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, аз он 9,9 миллион доллари ИМА ё 60,2% маблағи умумӣ ба ҳолати 1 ноябри соли 2025 азхуд карда шудааст. Бо дарназардошти чорабиниҳои дар марҳилаи иҷрошавӣ ва азнав ба нақша гирифташуда, то охири соли 2026 на кам аз 14,0 миллион доллари ИМА ё 85% маблағи умумӣ азхуд карда мешавад. Маблағи боқимонда – 2,4 млн доллари ИМА, ки 15%-и маблағи умумиро ташкил медиҳад, то охири муҳлати лоиҳа, яъне то 30 июни соли 2027 азхуд карда мешавад. 

Қайд гардид, дар доираи лоиҳа 15 қарордодҳои хариди мол ва хизматрасонӣ ба маблағи умумии 2 млн 937 ҳазор доллари ИМА ба имзо расонида шуда, аз ин шумора 9 қарордод ба маблағи 2 млн 295 ҳазор доллари ИМА иҷро ва пардохт гардиданд, ки 78%-ро медиҳад. Айни ҳол дар раванди иҷрошавӣ 6 қарордод ба маблағи 642 ҳазор доллари ИМА (22%) қарор доранд. Илова бар ин, дар соли 2026 қарордодҳои нави харид ба маблағи 1 млн 620 ҳазор доллари ИМА, асосан дар самти низоми кейс-менеҷмент ба нақша гирифта шудаанд.

Дар доираи маблағгузории лоиҳа ҳамзамон ҷиҳати пардохти кӯмаки яквақтаи иҷтимоӣ ба 112 689 оилаҳои камбизоат зиёда аз 68 млн сомонӣ (баробар ба 6,3 млн доллари ИМА) масраф гардид ва он имкон дод, ки нишондиҳандаи матритасаи лоиҳаро дар сатҳи  112% таъмин намояд.

Дар баробари ин, барои 170 нафар нозирон-коргузорони назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.

Татқиқоти марҳилаи аввали арзёбии барномаи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар моҳҳои июн-августи соли 2025 гузаронида шуда натиҷаҳои он дар сомонаи  расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар-moh.tj  нашр гардида, муаррифии ниҳоии он 13 ноябри соли 2025 баргузор карда шуд. Марҳилаи дувуми татқиқот, ки пурсиши 2400 хонаводаро дарбар мегирад, пас аз гирифтани иҷозати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Аз ҷониби гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи болозикр ҳамзамон нақшаи ҷори намудани низоми бақайдгирии электронии муроҷиати шаҳрвандон  дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бораи таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ  таҳия карда шуда, барои нозирон-коргузорони ҷамоатҳои панҷ шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ таҷҳизот (планшетҳо) харидорӣ мегардад.

Навсозии модули электронии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ барои муоинаи шахсони маъюбиятдошта идома дошта, айни ҳол пешрафти умумии ин ҳадаф 75%-ро ташкил медиҳад.

Бо мақсади рақамикунонии равандҳо ва гузаштан ба шакли электронии (бе коғаз) ҳуҷҷатгузорӣ барои 176 муассисаи ҳифзи иҷтимоӣ 550 адад таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ шуда, тақсимоти он айни замон дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад. Инчунин, барои рақамикунонии низоми таъин ва пардохти нафақа дар 5 ноҳияҳои таҷрибавӣ барои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 80 адад таҷҳизоти IT  харидорӣ ва дастрас карда шуд. Илова бар ин, бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадам дар соҳаи рақамикунонии низоми нафақа барои намояндагони  як қатор сохторҳои давлатӣ сафарҳои омӯзишӣ ва кишварҳои хориҷӣ ташкил карда шуд.

Айни ҳол таҳияи таъмини барномавии «Платформаи рақамии ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» идома дошта, то имрӯз платформаи рақамӣ барои модулҳои амалкунандаи иттилоотии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ (КУИ 2.0), экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (ЭТИ 2.0) ва Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ (ФМҲИ 2.0) таҳия гардидаанд. Дар марҳилаи минбаъда модулҳои рақамӣ барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ таҳия мегарданд ва ин чорабинӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади дастгирии татбиқи низоми таҷрибавии “кейс-менеҷмент” барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ ба занони ҳомиладор ва кӯдакони оилаҳои камбизоат ширкати машваратии байналмилалӣ Ernst & Young (Қазоқистон) ҷалб гардида, айни замон консепсияи модули иттилоотӣ дар заминаи “Платформаи рақамии ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ” омода шуда истодааст.

Дастгирии молиявию техникӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази иттилоотӣ ва таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» идома дорад. Бояд қайд намуд, ки назар ба соли гузашта дар фаъолияти марказ як қатор дигаргуниҳои мусбӣ ба амал омаданд. Як қадами муҳим ҷалби чор мутахассиси баландихтисос оид ба технологияҳои иттилоотӣ ба кор мебошад, ки он имкон дод, то дар асоси маълумоти мавҷуда панели мониторингӣ хуб таҳия гардад. Илова ба ин, ду мушовири байналмиллалӣ барои дастгирии равандҳои идоракунӣ, таҳлил ва омузишҳо ҷалб гардиданд, ки бо кумаки техникию машваратии онҳо марказ метавонад дар ин самт саҳми арзанда гузорад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search