Баргузории маъракаи хунсупорӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун имрӯз, 13-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид.

Вобаста ба маъракаи мазкур субҳи барвақт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода ба маркази мазкур ташриф оварда, бо шароиту имкониятҳои муассиса ва омодагии он барои баргузории маъракаи хунсупории шаҳрвандон шинос гашт. Дар чорабинӣ ҳамзамон муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарият ва кормандони сохторҳои зертобеи вазорат ва мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Роҳбарияти марказ иттилоъ дод, дар инҷо барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор намудани ин чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои хунсупории шаҳрвандон шароиту имкониятҳои лозима фароҳам оварда шудааст.

Тавре аён гардид, аз субҳи барвақт шаҳрвандони зиёде ба Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ташриф оварда, бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани вазъи солимии хеш ва саҳм гузоштан дар таъмини солимии беморону эҳтиёҷмандон дар ин чорабинӣ иштирок ва хун месупориданд.

Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки ҳар шахсе хун месупорад, дар организми ӯ бунёди ҳуҷайраҳои нави хун ба вуҷуд меояд, ки он ба саломатии инсон фоиданок аст. Ҳамчунин хунсупорӣ бемориҳои сироятӣ, ишемикии дил, инсулт, ғафс шудани хун ва дигар бемориҳоро пешгирӣ менамояд.

Дар рафти чорабинӣ ба 13 нафар донорони фаъол аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешвем, ки аз соли 2005 ҳамасола 14 июн Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи ҷарроҳи австриягӣ Карл Ландштейнер, ки аввалин маротиба гурӯҳи хунро муайян намудааст, бахшида шудааст. Мақсад аз таҷлили санаи мазкур ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба муҳимияти супоридани хун, тозагии он ва ҳамчунин ибрози сипос ба донорон мебошад.

Вобаста ба баргузории ин чорабинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои гуногун андешида шуда, аз ҷумла нафарони зиёд бо мақсади ҳаёти касеро наҷот додан ба марказҳои хунсупорӣ мераванд ва хун месупоранд. Донори хун будан ё хун супоридан дар аксари кишварҳо ба ҳукми анъана даромадааст ва солҳои охир дар Тоҷикистон ҳам раванди афзоишёбии хунсупорандагон мушоҳида мешавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Хатлон. Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди ҷарроҳии инноватсионӣ дар Тоҷикистон”

Таҷлили Рӯзи Ғалаба ва оғози мавсими табобату истироҳат дар “Харангон”

Ҷаласаи сеюми Кумитаи роҳбарикунанда оид ба лоиҳаи “Беҳтаргардонии сифати хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ”

Доир ба баррасии масъалаҳои муҳими соҳаи ҷарроҳӣ Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ доир гашт

“Раванди амалисозии таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат”

Миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译