Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ доир шуд

28-уми январи соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба татбиқи “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027” дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026 баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зоир Набиев, масъулини соҳа, намояндагони як қатор вазорату идора, кумитаҳои мамлакат ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, “Барномаи давлатии ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” баҳри беҳтар намудани солимии аҳолӣ, аз ҷумла солимии кӯдакону наврасон таҳия ва қабул гардидааст.

Инчунин, таъкид карда шуд, ки ҳифзи сиҳатии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф гардидааст.

Давоми се сол мешавад, ки дар кишвар “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027” амалӣ гардида истодааст, ки ҳадафи он – аз таҷдиди ҳамаҷонибаи низоми ғизои мактабӣ ва инкишофи он бо самтгирӣ ба устуворгардонии саломатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи таъмини дастрасӣ, сифат ва бехатарии хӯрок бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои калидии ташкили ғизои босифат ва мутавозин, аз ҷумла ҷанбаҳои технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, кадрӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин, вобаста ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳа, аз ҷумла таъмини мактаббачагон бо ғизои солим аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодоти муфид ироа гардида, дар идомаи ҷаласа иштирокчиён доир ба самтҳои гуногуни мавзӯи мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram