Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич дар деҳаи Шоҳини Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бунгоҳи саломатии замонавӣ ифтитоҳ гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, муассисаи нави тандурустӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бунёд гардидааст.
Бинои бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шоҳин иборат аз як ошёна буда дорои 3 ҳуҷраи корӣ ва 2 воҳиди корӣ мебошад.

Қаблан сокинони деҳа ба маркази ноҳия рафта, аз ташхис гузаштаву табобат мегирифтанд, акнун бо шарофати дастгирии Ҳукумати мамлакат ин мушкилоти онҳо ҳалли худро пайдо кард.
Дар баробари бинои нави замонавӣ ва шароитҳои корӣ таъмини дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизмати тиббӣ дар деҳот мусоидат менамояд.
Бояд қайд намуд, ки қаблан дар деҳа бунгоҳи саломатӣ амал мекард, бо афзоиши аҳолӣ ва бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани хизмати тиббӣ бунгоҳи саломатии деҳаи Шоҳини деҳоти Яхтан бунёд гардид, ки акнун барои 720 нафар аҳолии деҳа хизмати тиббӣ мерасонад.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, ба истифода додани бунгоҳҳои тиббии мазкурро туҳфаи арзандаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба сокинони деҳа дар арафаи ҷашнҳои бузургӣ таърихӣ арзёбӣ кард.
Ҳамзамон ба нафароне, ки дар бунёди биноҳои нави бунгоҳҳои тиббӣ саҳм гузоштанд, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуд.

Сокинон низ дар навбати худ барои чунин туҳфаи арзанда ва дар ин замина фароҳам овардани шароиту имконоти мусоид дар самти дастрасӣ ба кумаки аввалияи тиббӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён намуданд.


