Мавриди истифода қарор додани ду Маркази саломатӣ дар шаҳри Истаравшан

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Янгиқишлоқи деҳоти Ниҷонӣ ва деҳаи Нофароҷи деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан марказҳои саломатӣ ба истифода дода шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои хонаи саломатии деҳаи Янгиқишлоқ солҳои тӯлонӣ дар ҷои номутобиқ қарор дошт ва ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуд. Бинобар ин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам беҳтар кардани шароиту имконоти мусоид дар самти дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии аввалияи тиббӣ бинои нави хонаи саломатии деҳаи Янгиқишлоқ сохта ба истифода дода шуд.

Бинои мазкур аз долон ва 4 ҳуҷраи корӣ иборат буда, бо харҷи зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ сохта шудааст ва 4 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Маркази саломатии деҳаи Нофароҷ аз 13 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он 12 корманди тиб ба 11435 нафар хизматрасонии тиббӣ мерасонанд.

Масоҳати бинои мазкур 600 метри мураббаъ буда, аз тарафи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳр бо харҷи зиёда аз 1 млн 400 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Сокинони деҳаҳои мазкур дар навбати худ барои чунин туҳфаи арзанда ва дар ин замина фароҳам овардани шароиту имконоти мусоид дар самти дастрасӣ ба кумаки аввалияи тиббӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти корҳои сохтмонии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ доир шуд

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

Поиск