Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

27-уми январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Релитс Рокер ва намояндагони шуъбаи кумакҳои хориҷии ҳукумати ин кишвар вохурӣ намуд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд.

Гуфта шуд, ки саҳми шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Ҳукумати ИМА дар татбиқи барномаҳои мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил ва ВНМО барои Тоҷикистон аҳамияти хос дорад.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо баҳри густариши ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро дар ин самт иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск