Системаи электронии сабти таваллуд ва фавт: қадами муҳими модернизатсияи соҳаи тандурустӣ

Имрӯз, 24-уми октябри соли равон дар Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба ҷорӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар чор таваллудхонаи пилотии шаҳри Душанбе барои мутахассисоне, ки дар таваллудхонаҳо дар самти қайди таваллуд ва фавт фаъолият мекунанд, даври омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар даври омӯзишӣ ҳамзамон масъулини як қатор таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе низ иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи даври омӯзишӣ муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода вобаста ба зарурияти ҷорӣ намудани системаи мазкур суханронӣ карда, аз мутахассисони соҳа даъват ба амал овард, ки дар даври омӯзишӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани системаи номбурда кушиш ва талош намоянд.

Баъдан, директори Маркази омор ва иттилооти тиббӣ Манучеҳр Шамсуллозода ва мутахассис оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ Манучеҳри Асомиддин оид ба ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳу усулҳои амалӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа маълумот пешниҳод карданд.

Тавре зикр гардид, системаи электронии сабти таваллуд ва фавт яке аз унсурҳои муҳими раванди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ мебошад, ки барои беҳтар намудани идоракунии маълумоти демографӣ ва баланд бардоштани дақиқии омор равона шудааст. Ин система на танҳо ба таври автоматикӣ сабти рӯйдодҳоро таъмин мекунад, балки имкон медиҳад, ки иттилооти мукаммал дар бораи шароити таваллуд ва сабабҳои фавт дастрас гардад.

Ин иқдом, ки аз ҷониби Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, на танҳо барои беҳтар кардани омори миллӣ зарур аст, балки барои пешгирии бемориҳо ва таҳкими системаи тандурустӣ низ нақши муҳим мебозад. Маълумоти дар вақтҳои муайян ҷамъовардашуда имкон медиҳад, ки тадбирҳои саривақтӣ барои беҳтар намудани вазъи тандурустии аҳолӣ андешида шаванд.

Якум афзалияти асосии система дақиқӣ ва фаврияти маълумот ба шумор меравад. Яъне система сабти саривақтӣ ва дақиқи рӯйдодҳоро таъмин намуда, ба тағйироти вазъияти демографӣ сари вақт посух медиҳад.

Дуюм афзалияти системаи мазкур дар беҳтар намудани банақшагирӣ ва пешгӯӣ арзёбӣ мегардад. Бо ин роҳ маълумоти воқеии таваллуд ва фавт имконият медиҳад, ки захираҳо беҳтар банақшагирӣ шаванд ва эҳтиёҷот ба хизматрасониҳои тиббӣ пешгӯӣ гардад.

Ҳамзамон автоматиконии ҷараёни сабт кори дастиро кам намуда, эҳтимоли хатогиҳоро коҳиш медиҳад.

Дастрасӣ ва ҳамгироӣ бо дигар системаҳо. Системаи электронӣ метавонад бо платформаҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҳамгиро шуда, арзиши онро барои таҳлил дар сатҳҳои баландтар боло барад.

Афзалияти дигари система дар нигоҳдории маълумот ва махфияти он низ ном бурда мешавад. Система ба таври қатъӣ меъёрҳои амнияти иттилоотиро риоя мекунад, ки ин кафолати муҳофизати маълумоти шахсиро таъмин менамояд.

Ҷорӣ намудани чунин система бо дастгирии Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ мебошад. Ин иқдом на танҳо ба беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ва идоракунии самараноки раванди демографӣ, балки ба пешрафти минбаъдаи сиёсати тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар назар аст, ки пас аз анҷоми даври омӯзишӣ системаи мазкур дар таваллудхонаҳои пилотии шаҳри Душанбе ҷорӣ карда шавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

Ҷамъбасти 6-моҳаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон

Дар шаҳри Турсунзода Маркази ташхисию табобатии Ҳафиза мавриди истифода қарор гирифт

Дания: баимзорасонии Стратегияи ҳамкорӣ бо ТУТ ва табрикоти Ҳанс Клюге барои нашри мақола аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода дар маҷаллаи бонуфузи “BioMed Central”

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Эрон. Иштироки табибони тоҷик дар даври омӯзишӣ

Search