Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

31-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста  ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майёри адлия Нурмуҳамад Акбарзода ва намояндаи Раёсати муқовимат бо коррупсияи агентии мазкур, подполковники адлия Алихон Розиқзода иштирок намуданд. Дар ҷаласа ҳамзамон  сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, кормандони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва директорони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ба таври онлайн аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иштирок карданд.

Тавре дар ҷаласаи мазкур қайд гардид, дар ҳақиқат коррупсия аз зуҳуроти мурраккаби ҷамъиятӣ буда, он ба рушди минбаъдаи кишварҳои олам ва таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон таъсири манфии худро мерасонад. Айни ҳол аз Созмони Миллали Муттаҳид сар карда, дар тамоми кишварҳои олам барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар кишвари мо мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад мақомоти дахлдор таъсис дода шуда, ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба мубориза бо коррупсия таҳия ва қабул карда шудааст. Дар ин самт саҳми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бениҳоят назаррас буда, ҳамасола якҷо бо дигар ниҳодҳои давлатӣ корҳои зиёде ба сомон расонида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муҳимияти масъалаи мазкур чунин қайд намудаанд: “Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо, яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омўхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем”.

Қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои пешбурди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат тавассути мукаммалсозии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи хавфҳои коррупсионӣ, фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъминоти кадрии соҳавӣ фаъолиятро идома дода, ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббию иҷтимоии муосир чорабиниҳои мушаххасро анҷом дода истодааст.

Дар ин замина, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва мақсадноки «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» бо фармоиши дахлдори вазорат Нақша – чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи  муқовимат ба коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» тасдиқ гардида, иҷроиши он дар ҳама муассисаҳои соҳавии сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ таъмин гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Эрон. Иштироки табибони тоҷик дар даври омӯзишӣ

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Маркази ташхисию табобатии Саномед

Семинар-машварати омӯзишӣ оид ба бемориҳои сироятӣ

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Ҷаласаи шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт

Search