Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и микроноҳияи 34-уми шаҳри Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Насли солим” бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази ташхисию табобатии “Насли Солим” дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шоҳина Гадойбойева бо харҷи бештар аз 3 миллион сомонӣ таъсис дода шуда, дорои ҳуҷраҳоии табобатӣ, физиотерапевтӣ, ташхиси ултрасадо, калпоскопия, таҳлили биокимёвӣ ва клиникӣ, амрози даруна, ошхона ва дорухона мебошад. Ҳамчунин дар ин марказ 30 кати хоб мавҷуд буда, барои ташхису табобати беморон 25 нафар, аз ҷумла 6 табиби дараҷаи олӣ, 14 корманди миёнаи тиб ва 5 корманди ёрирасон ба кор ҷалб гардидаанд.

Барои фаъолияти пурсамари марказ аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ дастгоҳҳои муосири тиббӣ харидорӣ ва насб карда шудааст.

Гуфта шуд, ки дар маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” бо пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ дар як вақт 30 нафар бемор қабул карда мешавад.

Роҳбарият ва кормандони ин маркази муосири ташхисию табобатӣ ҷиҳати фароҳам овардани имконияти мусоид, дастгирии ҳамешагии намояндагони бахши хусусӣ, ки чунин фазою шароит омили рушди соҳа ва бунёди чунин муассисаҳои замонавӣ гардидааст, ба Ҳукумати кишвар сипосу миннатдории худро баён доштанд.

Дар маркази ташхисию табобатии “Насли солим” ба мизоҷон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи баланд бо усули замонавӣ бештар аз 50 намуди хизматрасонии тиббӣ пешкаш мегардад.

Тибқи маълумоти муассисон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Насли солим” соли гузашта намояндаи расмии ширкати швейтсариягии “Phonak Sonova AG” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид ва ҳамакнун бо ифтитоҳи бинои нав ба кӯдакони шунавоиашон паст ташхис ва табобати бемориҳои сурдологиро пешниҳод менамояд.

Таъсиси маркази нав имкон медиҳад, ки ташхис ва табобати чунин бемориҳо аз ин пас дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шавад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассиси Маркази табобатии “Насли солим” барои ташкили чунин маркази нави ташхиси табобатӣ арзи сипос намуда, ҳамзамон даъват намуданд, ки барои ба роҳ мондани сифати баланди хизматрасонӣ аз тамоми имконот истифода намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Насли солим” дар шаҳри Хуҷанд аз соли 2020 инҷониб фаъолият дорад.

Дар соли аввал танҳо фаолияти дармонгоҳӣ ва ташхисиро барои кӯдакону наврасон бо зиёда аз 45 намуди хизматрасонии тиббӣ пешкаш менамуд. Соли 2022 бо ифтитоҳи бинои нави марказ табобати сатсионарӣ барои 40 кат ба роҳ монда шуд. Инак, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд доираи хизматрасониҳои тиббӣ боз ҳам бештар гардид. Хусусан дар самти ташхис ва табобати бемориҳои занона.

Гуфта шуд, ки дар маркази нав ҳама намуди бемориҳои занона бо истифода аз дастгоҳҳои муосир муайян ва аз ҷониби табибони дорои малакаи баланди касбӣ, ки аксари онҳо дар хориҷи кишвар таҷриба андухтаанд, табобат карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд, ки далели ин гуфтаҳо сохта ба истифода додани даҳҳо марказҳои муосири ташхисию табобатӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

9-уми феврал-Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон

«Илм ва таҳсилоти тиббӣ – аз анъана ба инноватсияҳо»

Системаи электронии сабти таваллуд ва фавт: қадами муҳими модернизатсияи соҳаи тандурустӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Search