Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар соҳаи тандурустӣ чанде қабл як гурӯҳ мутахассисони  ин кишвар ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳамтоёни хеш табодули таҷриба намуданд. Аз ҷумла радиолог Муртазо Сонеи Тоҳирӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тиббию гинетикӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Номбурда дар якҷоягӣ бо мутахассисон, аз ҷумла акушер-гинекологон ва функсионалистони соҳаи акушерӣ-гинекологии шаҳри Душанбе ташхиси  то таваллудӣ, яъне скрининги пренаталӣ ба 22 нафар занҳои ҳомила дар муҳлати 11-14 ва 18-21 ҳафтаи ҳомиладорӣ гузаронид.

Дар рафти ташхиси скрининги пренаталӣ дар 5 нафар зани ҳомила нуқсон ва иллатҳои ирсии модарзодии тифл дар дохили батни модар дарёфт гардид.

Ҳамзамон оид ба ташхисҳои муосири тиббӣ дар самти дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл, навгониҳои ташхисии бемориҳои занона низ бо иштироки мутахассиси эронӣ ва  табибони маркази мазкур семинар-машварати амалӣ баргузор гашт.

Инчунин дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ  ба як нафар зан дар ҳолати баланди Синдром Даун амалиёти инвазивии Амниосентез, озмоиши обҳои назди тифлӣ низ гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ташкил  ва баргузор намудани чунин вохурӣ ва семинар-машваратҳои амалӣ бо иштироки мутахассисони варзидаи кишварҳои хориҷӣ-ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон, савияи донишу таҷриба ва малакаи мутахассисони ватанӣ ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар ҳамзамон мутахассисони эронӣ дар дар як қатор муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ ва шаҳри Душанбе низ бо ҳамтоёни тоҷики хеш оид ба ташхису табобати бемориҳои гуногун низ табодули таҷриба намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search