Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

26-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамзамон муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовини вазир Абдухолиқ Амирзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат низ иштирок доштанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш ба ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои судманд ва дастгирии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён карда, аз ҷумла иброз дошт, ки татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”, ки бо маблағгузории бонки мазкур амалӣ мегардад, ба рушди соҳаи тандурустии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”-ро мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” аз ҷониби Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ 24 октябри соли 2023 тасдиқ гардида, созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (гранти E2450-TJ), Созишномаи грантӣ оид ба “Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кўдакон ва наврасон” (грантҳои TF C2563-TJ ва TF C2356-TJ) ва Созишномаи грантӣ оид ба Фонди бисёрҷонибаи трастии донорӣ оид ба таъмини омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ (гранти TF C2344-TJ) аз 17 январи соли 2024 ба имзо расиданд, ки то 31 декабри соли 2028 амалӣ карда мешавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search