Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

27-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи  марказии вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Мизи мудавварро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода ифтитоҳ намуда, оид ба ҳадаф ва мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён доир ба вазъи имрӯзаи солимии занони ҳомиладор ва нишондиҳандаҳои солимии кӯдакони аз 0 то 59 моҳа,  нақшаи кории лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои КАТС”,  беморшавии кӯдакона то 59 моҳа вобаста ба норасоии иловаҳои витаминӣ,  нақша ва амалигардонии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”,  аҳамияти микронутриентҳо барои солимии занони ҳомила ва инкишофи дохилибатнии ҷанин, аҳамияти иловаҳои витаминӣ барои рушди кӯдакони аз 6 то 59 моҳа, таҷрибаи шарикон оид ба рушд дар мубориза бо норасоии микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ва дигар мавзӯъҳои алоқаманд баромад карданд.

Ҳамин тавр, доир ба масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифта, инчунин оид татбиқи босамари лоиҳаи мазкур фикру андешаҳо ироа гардиданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search