Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти комили миллӣ дар ин самт аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат чораҳои муҳиму зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани стратегияву барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти олии кишвар ба ин соҳа дарак медиҳанд.

Хушбахтона, имрӯзҳо маҳз дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоту созмонҳои бонуфӯз дар самти беҳтар намудани вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ ба табақаҳои осебпазир ва ниёзманди аҳолӣ тадбирҳои муассир  роҳандозӣ гашта истодаанд.

Аз ҷумла дар ин самт Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд аз 30 июни соли 2023 “Оид ба маблағгузории “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (грантӣ №E1600-TJ) дар ҳаҷми 35,0 млн. доллари ИМА ба имзо расидааст, ки фаъолияти он баҳри беҳбуд бахшидан ба рушди соҳа нигаронида шудааст.

Қайд кардан лозим аст, ки фаъолияти “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” аз самтҳои зерин: “Кумаки яквақтаи  иҷтимоӣ ба оилаҳои дар сатҳи пасти даромад қарордошта”, “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” (навсозии ҳифзи иҷтимоӣ), “Идоракунии Лоиҳа ва мониторинг” ва “Эътино ба ҳолатҳои фавқулодаи ғайричашмдошт” иборат мебошад.

Ҳадафи лоиҳа-ин дастгирии гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ аз таконҳои иқтисодию иҷтимоӣ, мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ ва мукаммалгардонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ  ба шумор меравад.

Яке аз самти (компоненти) муҳими фаъолияти лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар шароити коҳиш ёфтани даромаднокӣ ва бад шудани қобилияти харидориашон аз нарасидани озуқаворӣ азият мекашанд, ба ҳисоб меравад.

Ҷиҳати амалисозии лоиҳаи номбурда бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимиоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 11 августи соли 2023, №510 Гуруҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” дар назди вазорат таъсис дода шуда, низомномаи он тасдиқ  гардид.

Аз оғози соли ҷорӣ, тибқи «Дастурамал дар бораи таъин ва пардохти кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ» дар ҳаҷми 600 сомонӣ ба ҳар оилаи камбизоат барои 112 689 оилаи камбизоат дар асоси феҳрестҳои пешниҳодшуда, расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ 67 613 400 000 сомонӣ маблағгузорӣ анҷом дода шуд, аз ҷумла:

– ба 84 926 оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ аз 3 нафар зиёд кўдакони синни то 16 сола доранд, ба маблағи 50 912 400 сомонӣ;

 – ба 1 472 оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ аз 2 нафар зиёд шахсони маъюб доранд, ба маблағи 883 200 сомонӣ;

– ба 26 375 оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ шахсони пироносоли синни аз 65 сола боло доранд, ба маблағи 15 825 000 сомонӣ.

Ҳамин тавр, ба ҳолати 5 декабри соли ҷорӣ қариб 97 фоизи маблағҳои зикргардида тибқи муқаррароти Дастурамали зикргардида, ки дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба 108 938 гирандагони он дар ҳаҷми 65 362 800 сомонӣ дастрас, яъне пардохт карда шуданд.

Дар доираи амалисозии самти мазкур чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва коммуникатсионӣ ҷиҳати расонидани кумаки таъҷилӣ ба оилаҳои камбизоати дар шароити душвори зиндагӣ қарордошта гузаронида шуд, аз ҷумла дар ин ҷода Стратегияи иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва коммуникатсионӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шуда, тамоми шаҳру ноҳияҳо бо маводҳои иттилотию таблиғотӣ ва шакли ҳуҷҷатҳо барои гирифтани кумакпулӣ таъмин гаштанд.

Инчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ барои таъмини саривақтии пардохти кумаки яквақтаи иҷтимоӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаи Рашт, НТҶ ва ВМКБ гузаронида шуданд. 

Илова ба ин, тавассути васоити ахбори омма (ВАО) оид ба пардохтҳои кумакпулии иҷтимоӣ ахборот пахш карда шуд. Махсусан дар ин самт муовини вазир/сарпарасти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба масъалаи кумакҳои унвонӣ ва якдафъаинаи иҷтимоӣ дар телевизиони “Сафина” баромад намуда, маълумоти муфассал дод. Масъулони Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат 3 маротиба дар телевизиони “Сафина” ва телевизиони маҳаллии шаҳри Турсунзода доир ба масъалаи кумакпулиҳои иҷтимоӣ  низ баромад карда, доир ба масъалаҳои мавриди назар ба тамошобинон маълумоти муфид ироа карданд.

Ҳамзамон,  масъулони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар телевизиони “Сафина” ва 3 маротиба дар радиои “Садои Душанбе” доир ба ин масъала баромад намуда, илова ба ин, дар 6 ҷамоати ноҳияи Рӯдакӣ оид ба тартиби муроҷиат, таъинот ва пардохти кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба шаҳрвандон вохуриҳо гузаронида, тариқи саволу ҷавоб ба онҳо маълумот доданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки кумакпулӣ ба оилаҳое дода мешавад, ки дар муддати 12 моҳи охир ба кумаки унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намуда, дар ҳайати оила шахсони зерин ба қайд гирифта шудаанд:

– оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ 3 нафар ва ё зиёда аз он кўдакони синни то 16 сола доранд;

– оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ 2 нафар ва ё зиёда аз он шахсони маъюб доранд, новобаста аз гуруҳи маъюбӣ ва синну соли онҳо, аз ҷумла кўдакони хурдсоли маъюб;

– оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ шахсони пироносоли синни аз 65 сола боло доранд.

Кумакпулӣ ба сардори оилаи камбизоат дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ў пардохт карда мешавад. Дар сурати беморӣ, вафот ва ё муваққатан дар маҳали зисти доимӣ набудани сардори оила шахси муътамади ў маблағи кумакпулиро дар асоси ваколатнома гирифта метавонад. Ваколатнома аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳия дода мешавад.

Дар ин замина, қайд кардан ҷоиз аст, ки оилаҳои камбизоат, ки солҳои 2022-2023 кумакпулии яквақтаро дар ҳаҷми 600 сомонӣ гирифтаанд, такроран ҳуқуқи гирифтани онро надоранд.

Мақоми татбиқкунандаи сиёсати давлат дар самти таъин ва пардохти кумакпулии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Агентӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва худидоракунии маҳалиро дар ин раванд иҷро намуда, маъмурикунонии махзани иттилоотии кумакҳоро анҷом медиҳад.

Дар сатҳи вилоят ва минтақа, марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ барои таъмини шаффофияти механизми таъин ва пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва кумакҳои методию дастуриро амалӣ менамоянд.

Мабалағгузории  кумакпулӣ аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гранти E1600-TJ) тавассути интиқоли маблағ ба ҳисоби махсуси агентӣ барои пардохти минбаъдаи он ба оилаҳои камбизоат пурра анҷом дода шуд.

Пардохти кумакпулӣ аз ҷониби марказҳои хизматрасони “Амонатбонк” дар маҳали зисти гирандаи кумакпулӣ анҷом дода мешавад. Инчунин, “Амонатбонк” дар асоси руйхати ном ба номи электрониии гирандагони кумакпулӣ, ки аз ҷониби Агентӣ пешниҳод карда мешаванд, маблағи кумакпулиро ба ҳисоби шахсии гирандагони кумакпулӣ, ки дар филиалҳои “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳо кушода мешаванд, интиқол медиҳад. 

Назорати татбиқи  лоиҳаи болозикр зери таваҷуҳи махсуси роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулин қарор дорад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Берлин: Ҳамкории Тоҷикистон ва ТУТ баррасӣ гашт

Суғд: семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии бемории обилаи маймун

Search