24-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббӣ Саид Давлатзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Малоҳат Бойназарова, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳо, шарикон оид ба рушд, роҳбарони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии вазорат Саид Давлатзода ифтитоҳ бахшида, доир ба ҳадаф ва мақсади амалисозии барномаи мазкур мухтасар суханронӣ кард.
Сипас, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Малоҳат Бойназарова доир ба амалишавии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва дастовардҳои маркази номбурда ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.
Қайд гардид, ки мақсади асосии барнома беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва манбаъҳои иттилоотии саҳеҳ оид ба фарҳанги рафтор, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ мебошад.
Ба зикри директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Малоҳат Бойназарова, “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2026” барномаи сеюм аст, ки дар мамлакат амалӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳимияти амалисозии ташвиқот оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ, аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ давра ба давра ба раванди таъмини тарзи ҳаёти солим дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди он марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояту минтақаҳо фаъолият менамоянд. Бо мақсади боз ҳам бештар густариш додани тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа зарурати омӯзонидани ҳамаи табақаҳои аҳолӣ (хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ), аз ҷумла кормандони тамоми вазорату идораҳо ба миён меояд.
Таҷрибаи амалигардонии барномаи қаблӣ нишон дод, ки ҳамкорӣ бо бахшҳои дигар дар заминаи нақшаи муштарак метавонад натиҷаҳои муайянро ба даст орад. Азбаски нақшаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, масъулияти амалисозии онро низ вазорат ба зима гирифтааст, дар ин росто барои боз ҳам ба таври самаранок татбиқ намудани барномаи мазкур ҷалби шарикони дахлдор ба таври назаррас таъсиргузор хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолияти худро дар ҳамгироӣ бо барномаҳои дигари миллӣ оид ба муҳофизати аҳолӣ аз бемории сил, муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва аломати пайдошудаи норасоии масуният, муқовимат ба сироятҳои гепатитӣ, иммунопрофилактика, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим ва солимии репродуктивӣ амалӣ менамоянд.
Дар идомаи ҷаласаи Шӯро як қатор иштирокчиён доир ба самтҳои гуногуни татбиқи барномаи мазкур баромад карданд.