Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Имрӯз, 21-уми январи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино муаррифии ректори нави донишгоҳи мазкур баргузор гашт, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарият ва ҳайати устодони донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2025 Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» озод намудани Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ва Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» таъин намудани Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ қироат карда шуданд.

Зимни муаррифӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти кафедраҳо ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа андешаронӣ намуда, баҳри рафъи камбудиву мушкилотҳои ҷойдошта масъулинро муваззаф намуд.

Дар ин замина, ба фаъолияти чандинсолаи Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ба ҳайси ректори донишгоҳи мазкур баҳои баланд дода шуда, ба фаъолияти минбаъдаи ректори навтаъини ин донишгоҳи бонуфузи мамлакат Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ барору муваффақият таманно карда шуд.

Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ 23 декабри соли 1970 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Синоро бо дипломи сурх хатм кардааст.

Солҳои 1994-1996 ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, солҳои 1996-1999 аспиранти кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, солҳои 1999-2001 ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, солҳои 2001-2003 докторанти кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, солҳои 2004-2008 докторанти кафедраи ҷарроҳии ба номи Н.Д. Монастырскии Академияи тиббии баъдидипломии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, соли 2009 табиби ҷарроҳи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5, шаҳри Душанбе, солҳои 2009-2015 мудири шўъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи клиникии шаҳрии №5, шаҳри Душанбе, соли 2015 то 16.12.2024 Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 16.12.2024 то 21 01.2025 Проректор оид ба илм ва иноватсияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино фаъолият намудааст.

Доктори илмҳои тиб, профессор, донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.

Бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, Медали Хизмати шоиста, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Нишони сарисинагии Сино дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2025, №58 ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» таъин карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search