Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Санаи 12-уми феврали соли равон дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтару хубтар гардидани имкониятҳои илмию таълимӣ дар муассиса бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040» бо иштироки бевоситаи муовини раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Юлдошзода Бунафша, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, директори Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Ӯнал, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобоҷон Маҳмадализода дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” озмоишгоҳи анатомӣ, озмоишгоҳи тиббии физика, озмоишгоҳи химиявӣ, озмоишгоҳи тиббии биология ва бинои маркази тестӣ ифтитоҳ карда шуд.

Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳҳо ва бинои маркази тестӣ гуфта шуд, ки Озмоишгоҳҳои мазкур баҳри амалишавии ҳадафҳои бистсолаи мазкур иқдоми нек ва саривақтӣ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳҳо бо дастгоҳҳои таълимии сатҳи зарурӣ – воситаҳои техникӣ, электронӣ, аёнӣ ва мизу курсиҳои зарурӣ таъмин мебошад.

Инчунин, аз ҷониби масъулини муассиса маълумот дода шуд, ки корҳои озмоишӣ бо тамоми маводи зарурӣ омода буда, донишҷӯён метавонанд ҳангоми амалии онҳо маълумотҳои бештар пайдо намоянд.

Дар фарҷом директори муассиса Комилҷон Дустмуродзода ба меҳмонон изҳор дошт, ки дар умум ифтитоҳи озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ ва бинои маркази тестӣ дар муассиса баҳри устодону кормандон ва донишҷӯён дастоварди назаррас ва туҳфаи арзанда дар доираи татбиқи ҳамаҷонибаи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Чорабинии расмӣ бахшида ба оғози татбиқи “Барномаи ҷарроҳии дил ва катетеризатсия барои калонсолон”

Вохурии Ғафур Муҳсинзода бо мутахассисони Конфедератсияи Швейтсария

Ҳамкориҳои вазорат бо Донишгоҳи илмҳои тиббии “Теҳрон”-и Эрон густариш меёбанд

Бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ семинари амалии омӯзишӣ доир гашт

Ҷаласаи дуюми гурӯҳи ҳамоҳангсоҳӣ оид ба татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар нимсолаи аввали соли 2025 доир шуд

Таҳлилу баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб

Search