Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

21-уми феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо ҷараёни сифати таълиму тарбия ва санҷиши сифати дарсомӯзии донишҷӯён аз рафти таълими кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кафедраи кардиология ва онкологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан ба амал овард.

Зимни боздид аз кафедраҳои мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар махсусан бо рафти дарсомӯзии донишҷӯён, инчунин бо раванди таълиму тарбия дар ин муассисаҳои олии таълимӣ шинос гашт.

Дар ҳамин ҷо зимни суҳбат бо устодон ва донишҷӯён вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти боз ҳам баланд бардоштани раванди таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб, беҳтар кардани фаъолияти кафедраҳои таълимии соҳавӣ ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ба самъи ҳозирин расонид.

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар кардани фаъолияти кафедраҳо, омодасозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва бартараф кардани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба устодон ва масъулини донишгоҳ ва донишкадаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Имкониятҳои нави ташхиси ВНМО дар Тоҷикистон

Шиносоии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз раванди сохтмони иншооти тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд

Роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шуданд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба давлатҳои Аврупо мулоқот кард

ВНМО ва ҳомиладорӣ: Солимии фарзандатон аз Шумо вобаста аст!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Маркази нави саломатиро ба истифода доданд

Search