Иштироки фаъолонаи 400 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ

Имрӯзҳо дар арафаи фарорасии фасли баҳор корҳои ободонӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо ҷушу хурӯш идома дошта, дар баробари кормандони касбу кори гуногун ҳар ҳафта бо баргузории шанбегиҳои ниҳолшинонӣ кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат низ саҳми хешро дар сабзу хуррамгардонии Ватани азизамон мегузоранд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида 22-уми феврали соли равон дар қитъаи 6-и маҳаллаи Навободи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳашари ниҳолшинонӣ сурат гирифт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода ва дар умум 400 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар фаъолона иштирок дошт доштанд.

Ҳамин тавр, зимни баргузрории чорабинии сабзгардонӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёда 3500 адад дарахти арча шинонида шуд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи сабзгардонӣ, ҳифзи муҳити зист ва тозагии муҳити атроф диққати ҷиддӣ медиҳанд ва чунин маъракаҳо ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ маҳсуб гардида ба беҳтар шудани сифати зиндагии шаҳрвандон ва зебогии пойтахти кишвар равона шудаанд.

Бояд гуфт, ки минбаъд низ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маконҳои муайянгардидаи пойтахти мамлакат маъракаҳои ниҳолшинонӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шуданд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба давлатҳои Аврупо мулоқот кард

ВНМО ва ҳомиладорӣ: Солимии фарзандатон аз Шумо вобаста аст!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Маркази нави саломатиро ба истифода доданд

Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар конференсияи 73-юми илмӣ-амалии Донишгоҳи тиббӣ таҳти унвони “Илм ва таҳсилот баҳри солимии миллат”

Вобаста ба гузаронидани таҳлили миёнамуҳлати амалишавии лоиҳаи Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” вохурӣ доир шуд

Search