Хатлон. Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди ҷарроҳии инноватсионӣ дар Тоҷикистон”

Имрӯз, 15-уми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳии давлатии тиббии Хатлон» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таҳти унвони “Рушди ҷарроҳии инноватсионӣ дар Тоҷикистон” конференсияи ҷумҳуриявии ҷарроҳони кишвар баргузор гардид, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, ректори «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳбарони як қатор муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва доираи васеи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.

Конференсияи ҷумҳуриявӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи баланди илмиро ба ин даргоҳ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ташкил ва гузаронидани конференсияи ҷумҳуриявии “Рушди ҷарроҳии инноватсионӣ дар Тоҷикистон” далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ватанӣ мебошад.

Ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ-ин ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибони ҷарроҳ ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои озод ҷиҳати барқарор намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ҷарроҳони ватанӣ арзёбӣ гардид.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар ба ҳисоб рафта, баргузории конфронси имрӯза низ баҳри табодули таҷриба ва омухтани навгониҳои соҳа миёни мутахассисони соҳа ва устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба шумор меравад.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ давоми солҳои охир бахши ҷарроҳии инноватсионӣ дар мамлакат ба маротиб рушду пешрафт намуда, ба дастовард ва муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Махсусан, дастрасии таҷҳизотҳои ҳозиразамон имкон дод, ки танҳо соли 2024 дар самти ташхису табобат дар мамлакат 94 навоварӣ ворид карда шавад, ки ин нисбат ба соли 2023 20 адад зиёд мебошад. Ҳамин тавр, аз 94 навгониҳои ворид карда шуда, 28 навгонӣ фарогири самти ташхис, ба монанди ташхиси бемориҳои саратоншиносӣ, узвҳои ҳозима, пайвандсозии узвҳо, бемориҳои дилу рагҳо ва сил, экспертизаи тиббӣ-судӣ ва ташхиси шуоӣ буда, 66 навгонии дигар аз он ҷумла, ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмӯҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, узвҳои ҳозима, ҷарроҳиҳои қафаси сина, саратоншиносӣ, ҷарроҳиҳои абдоминалӣ, осебшиносӣ, урология, рентгенэндоваскулярӣ, ҷарроҳиҳои чашм, бемориҳои сухтагӣ ва шунавоиро дарбар мегиранд.

Баъдан, аз ҷониби мутахассисон доир ба самтҳои гуногуни ҷарроҳии инноватсионӣ ба ҳозирин маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардида, атрофи онҳо аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Ҳамин тавр, дар конфронси мазкур навгониҳо ва дастовардҳои ҷарроҳони кишвар дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ сурат гирифта, ҷиҳати ҳарчи бештар ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search