Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”

18-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба натиҷагирӣ аз рафти иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”  дар соли 2024 ва семоҳаи аввали соли 2025 ҷаласаи корӣ баргузор гашт.

Дар ҷаласаи корӣ  Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Зулфия Давлатзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Дилбар Одилзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идора ва кумитаҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ширкат намуданд.

Доир ба рафти иҷрои барномаи мазкур дар давраи ҳисоботӣ Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад кард.

Гуфта шуд, ки вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) дар давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил ёфтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилот бетараф нест. Эпидемияи ВНМО на танҳо ба системаи тандурустии кишварҳо, балки ба иқтисодиёти давлатҳо низ таъсири манфии худро мерасонад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш оиди пешгирӣ ва мубориза ба эпидемияи ВНМО, ҳуҷҷатҳои муҳими Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзӯр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардидаанд ва яке аз бахшҳои муҳим дар чорчубаи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф намуда, дастгирӣ менамояд.

Бо мақсади амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии ВНМО, пешгирии паҳншавии сироятпазирии вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БПНМ ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар як нафар ва тамоми аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои инсон, аз соли 1997 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ қабул ва татбиқ мегарданд.

Маврид ба зикри хос  аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар кишвар 7 барномаҳо ва нақшаҳои стратегӣ дар самти муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам қабул ва амалӣ карда шудаанд.

Махсусан, айни замон дар ин самт “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва нақшаи амалигардонии он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №50 қабул гардидааст, мавриди иҷроиш қарор дорад.

Барномаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, сохтори хусусӣ таҳия гардида, амалисозии он дар ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.

Барнома ва нақшаи амалигардонии он аз 6 самти афзалиятноки стратегӣ, аз ҷумла пешгирии ВНМО, ташхис оид ба ВНМО ва ҳамбастагӣ бо системаи пешниҳоди кӯмак, табобат ва расонидани кӯмак вобаста ба сирояти ВНМО, бехатарии хун ва назорати сироятҳо, таҳкими низоми тандурустӣ ва шароити мусоид иборат мебошад. Ҳар як самти афзалиятнок вазифаҳои мушаххас ва натиҷаҳои асосиро дошта, дар доираи иҷроиши онҳо чорабиниҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Нақшаи амалигардонии барнома аз 6 самти афзалиятнок, 31 банд ва 178 зербанд иборат буда, дар давоми солҳои 2021-2025 иҷроиши он бояд марҳила ба марҳила ба пуррагӣ таъмин карда шавад.

Пас аз шунидани маълумот оид ба рафти иҷрои барномаи  мазкур масъалаву мушкилотҳои ҷойдошта дар самти иҷроиши барномаи болозикр мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, баҳри боз ҳам сифатан иҷро намудани бандҳои дахлдори он аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search