Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон

Имрӯз, 7-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳамзамон таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон доир гашт.

Дар вохурӣ гуфта шуд, ки дар замони муосир дар баробари хатарҳои мавҷуда ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, коррупсия низ ҳамчун яке аз зуҳуроти хавфнок ва харобиовар маҳсуб мешавад.

Дар ин замина, қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст ва ҳар як сокини кишвар низ бояд дар решакан намудани ин падидаи номатлуб саҳми хешро гузорад.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон супориш дода шуд, ки байни кормандони сохторҳои хеш корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.

Баъдан, дар вохурӣ дигар масъалаҳо низ, аз қабили вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва таъмири муассисаҳои тандурустӣ, таъминот бо таҷҳизот, маводҳои доруворӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои солимии модару кӯдак, саривақт посух додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи одоби муошират бо беморон ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми вохурӣ аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search