Боздид аз Хона интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Хона интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор”ва баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳ ва сифати хизматрасонии босифат ба бошандагон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода аз фаъолияти муассисаи мазкур дидан намуданд.

Аснои боздид аз муассисаи мазкур Шодихон Ҷамшед ва Абдулло Сафарзода бо ҷараёни фаъолият, шароиту имкониятҳо, вазъи будубоши бошандагон дидан карданд.

Зимни суҳбат бо масъулини хона интернати мазкур масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ, аз ҷумла саривақт иваз намудани сару либос ва рахти хоби бошандагон, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2025 – 2026, идомаи таъмири берунии биноҳои муассиса, риояи талабот ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ, зиддисухторӣ, тоза нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳо ва иншоотҳои муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулини муассисаи номбурда дастурҳои тавсиявӣ ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мусаллам аст, ки ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, саҳми он дар беҳтар намудани саломатии маъюбон назаррас мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар мамлакат даҳҳо хона-интернатҳо, муассисаҳои санаторию курортӣ, марказҳои будубоши рӯзона, марказҳои минтақавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар сохторҳои соҳавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонӣ ба бошандагони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маротиб беҳтар гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланди Фонди Маблағгузории Глобалӣ

Ҳамкориҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни вазорат ва Маркази интиқоли хуни Эрон густариш меёбанд

Марҳилаи навбатии ҳамкориҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни вазорат ва Маркази интиқоли хуни Эрон

ВМКБ. Ба истифода додани якчанд муассисаҳои КАТС пас аз сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ

Ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз раванди иҷрои корҳои сохтмони иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Файзобод

Search