Дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб вохурӣ доир гашт

22-юми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм ва коррупсия вохурии сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Нигора Муқимӣ ва муовини сардори шуъбаи пешгирӣ ва барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Рустам Ҷумъазода бо роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур баргузор гардид.

Нахуст зимини вохурӣ муовини сардори шуъбаи пешгирӣ ва барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Рустам Ҷумъазода оид ба хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм ба ҷомеа, ҳадафу мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди ин падидаҳои номатлуб баромад кард.

Баъдан, Нигора Муқимӣ, сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромад намуда, зимни суханронии хеш оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, корҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони тиб, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба ҷомеа ва давлат ба иштирокчиён маълумоти муфассал дод.

Дар охири вохурӣ аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри решакан сохтани чунин падидаҳои манфии ҷомеа якҷо ва сарҷамъона боз ҳам талош ва кушиши хешро равона созанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search