Вобаста ба натиҷагирӣ аз ҷараёни рақамикунонии соҳа ҷаласаи корӣ доир гашт

30-юми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати натиҷагирӣ аз ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва боз ҳам вусъат бахшидани корҳо дар ин самт ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар кори он муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовини вазир Абдухолиқ Амирзода, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, масъулини вазорат, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба зарурияти гузаштан ба сисемаи электронӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт ҷалб намуда, иброз дошт, ки масъалаи мазкур таҳти назорати бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар идомаи ҷаласа директори Маркази омор ва иттилооти тиббии вазорат Манучеҳр Шамсуллозода доир ба ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, аз ҷумла дар самти ворид намудани маълумоти таваллуд ба системаи электронӣ маълумот дод.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади гузаштан ба рақамикунонии соҳа, махсусан дар самти сабти электронии фавт ва таваллуд дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон барои масъулини чунин муассисаҳо аз ҷониби Маркази омор ва иттилооти тиббӣ даври омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ масъалаву мушкилотҳои дар ин самт ҷойдошта мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search