“Оид ба банақшагирии хурд, ташкил ва гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон” машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд

14-уми августи соли равон Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” “Оид ба банақшагирии хурд, ташкил ва гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон” машғулияти омӯзишӣ баргузор гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, роҳбарияти муассисаи мазкур, шарикон оид ба рушд ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки ҳамкории муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон тулонӣ ва боэътимод буда, солҳои зиёд аст, ки вазорат ва созмони мазкур дар Тоҷикистон барои беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ, алалхусус дар байни кӯдакон ҳамкорӣ мекунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи мақсад ва вазифаҳои Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти нигоҳ доштани мақоми кишвар бо элиминатсияи сурхча – гулафшон як қатор чорабиниҳои иммунизатсиониро амалӣ гардонида истодааст, аз ҷумла дар сатҳи баланд нигоҳ доштани иммунизатсияи нақшавӣ байни кӯдакони синнашон 12 моҳа ва 6 сола, гузариш аз истифодабарии ваксинаи яквалентаи сурхча ба ваксинаи дувалентаи сурхча-гулафшон ва дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронидани чорабиниҳои иммунизатсионии оммавӣ ва ғайра ба шумор мераванд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи баргузории машғулияти омӯзишии мазкур баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳавӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои дар ин самт дар нақшабуда мебошад.

Ҳамин тавр, мақсади асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ин саривақт пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии идорашаванда, баланд бардоштани сатҳи фарогирии иммунизатсия ва беҳтар намудани сатҳи дониши кормандони тиб ба шумор меравад.

Зимни машғулияти омӯзишӣ аз ҷониби як қатор мутахассисони соҳа ба иштирокчиён маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search