Муҳтарам ҳамкасбони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои идона ва фараҳбахш ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон 1045 солагии зодрӯзи олим, табиб, файласуф, шахсияти беназири ҷаҳонӣ ва фарзанди баруманди миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино самимона табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми шумо пеш аз ҳама сиҳатмандии бардавом, оромиву осоиши хонадон, хушбахтиву саодатмандӣ ва дар кору фаъолияти минбаъдаатон барору муваффақиятҳои нав ба навро хоҳонам.
Барои ҳар кадоми мо-табибон мояи ифтихору сарфарозист, ки рӯзи касбии хешро дар чунин Ватани биҳиштосо ва бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти комили миллӣ ва ваҳдати сартосарии кишвари азизамон бо руҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ қайд менамоем.
Имрӯзҳо дар Тоҷикистони биҳиштосоямон табибон ҳамчун муҳофизони саломатии аҳолӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат саҳми назарраси хешро гузошта истодаанд.
Боиси хушнудист, ки дар ин санаи фархунда дар мамлакати мо дар баробари шинохти бештар пайдо кардан ва ифтихор намудан аз чунин фарзанди баруманди миллати хеш, ҳамзамон бори дигар ба осору эҷоди оламшумули ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад, дилбохтагони илму адаб ба мутолиаи асарҳои мондагораш рӯ меоваранд ва ашхоси огоҳ шахсияти ӯро барои насли ҷавони кишвар бештар муаррифӣ менамоянд.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки Абуалӣ ибни Сино умри пурбракати худро пурра сарфи омӯхтани илм намуда, дар муддати на чандон зиёд тавонист асрори нуҳуфтаи илми тибро ошкор намояд ва барои табибони оянда роҳ кушояд.
Қобили зикри хос аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ баҳри қадршиносӣ ва аз нав эҳё кардани осори ҷовидонаи фарзандони баруманди миллат таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо даҳҳо тадбирҳои муҳиму зарурӣ амалӣ гардиданд.
Аз ҷумла ба хотири гиромидошти шахсияти нобиғаи ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон ба исми мубораки ӯ номи донишгоҳ, ноҳия, ҷоизаи давлатӣ гузошта шудаву даҳҳо иқдому ташаббусҳои дигар низ амалӣ карда шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шахсият ва осори мондагори Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино чунин гуфтаанд: “Осори адабии ӯ бо забони форсии тоҷикӣ, арабӣ дар пешрафти адабиёти тоҷику форс ва ташаккули забони мо нақши барҷаста дорад. Бояд гуфт, ки дар қарни 10-и милодӣ дар хонадони тоҷик ба дунё омадани нобиғае ба мисли ибни Сино амри тасодуф нест. Зеро замони зиндагонии Абуалӣ ибни Сино яке аз давраҳои тиллоии адабиёту фарҳанги мо буд, ки давлатдории Сомониёнро шуҳрати ҷаҳонӣ додааст”.
Дар ҳақиқат, мо бояд шукрона аз он кунем, ки вориси чунин фарзанди баруманде ҳастем, ки имрӯз тамоми башарият бо ном ва корномаи ҷовидонааш ифтихор мекунад.
Аён аст, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, баҳри рушди фаъолияти соҳа марҳила ба марҳила тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Агар ба дастовардҳои соҳаи тандурустии кишвар дар давоми 34 соли Истиқлолияти давлатӣ назар афканем, аён мегардад, ки дар ин давра баҳри рушди соҳа дар кишвар таҳаввулоти чашмрас ба миён омадааст.
Махсусан дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бунёд намудан ва мавриди истифода қарор додани садҳо иншооти муосири тиббӣ худ нишонаи он ҳастанд, ки дар кишвари мо дар ҳақиқат тандурустӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок ба шумор меравад.
Лозим ба зикр аст, ки беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Бинобар муҳимияти масъалаи таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисон, айни ҳол дар мамлакат “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030” ва нақшаи амалисозии барномаи мазкур бомуваффақият амалӣ гардида истодааст.
Мусаллам аст, ки пешрафти соҳаи тандурустӣ ба маблағгузорӣ вобастагии зиёд дошта, дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ворид намудани шаклҳои нави маблағгузории ба замони муосир мутобиқгашта самти афзалиятноки соҳа эълон шудааст.
Бояд қайд кард, ки соҳаи тандурустӣ дар даврони истиқлолият асосан аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ карда шуда, қисман дар асоси барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ дастгирӣ ёфтааст.
Албатта, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.
Боиси ифтихор аст, ки айни ҳол дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон қариб тамоми усулҳои муосири ҷарроҳӣ, ки қаблан танҳо дар кишварҳои пешрафтаи олам гузаронида мешуданд, низ дар амал иҷро карда мешаванд.
Маҳз донишу таҷрибаи баланд, малакаи касбӣ ва истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз ҷониби мутахассисони ватанӣ шароит фароҳам овард, ки дар Тоҷикистон гузаронидани нодиртарин усулҳои ҷарроҳӣ имконпазир гардад.
Ҳампешагони гиромӣ!
Маҳз табиб аст, ки барои наҷоти ҷони бемор шабзиндадорӣ мекашад, дарди ӯро ҳамчун дарди хеш эҳсос намуда, тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри барқарорсозии саломатии шахси бемор равона месозад.
Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳар нафари бемор пас аз Офаридгор тамоми умед ва бовариашро ба мо-табибон мебахшад, то ӯро шифо бахшем ва ҳатто аз марг наҷот бидиҳем.
Боварии комил дорам, ки минбаъд низ табибони Тоҷикистони азиз ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчун ворисони арзанда ва ҳақиқии Синои бузург фаъолияти хешро баҳри таъмини ҳифзи солимии аҳолии мамлакатамон аз пештара бештар ҷоннок менамоянд.
Бори дигар ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро ба ифтихори Рӯзи табибони Тоҷикистон ва 1045 солагии поягузори илми тиб Абуалӣ ибни Сино аз самими қалб табрик ва шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо пеш аз ҳама хушбахтиву саодатмандӣ ва дар иҷрои вазифа ва масъулияти бар душ доштаашон муваффақияту бурдбориҳои нав ба навро таманно дорам.
Ҳамеша саломату сарбаланд ва муваффақ бошед, ҳамкасбони гиромӣ!