Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд

Имрӯз, 29-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо, шарикон оид ба рушд ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа таъкид гардид, ки масъалаҳои солимии аҳолӣ, аз ҷумла рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои таъмини некуаҳволии мардум ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим доранд.

Қайд карда шуд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба мукаммалсозии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтар намудани инфрасохтор, таъминоти кадрӣ ва ҷалби шарикони рушд фаъолиятро идома дода, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ корҳои назаррас анҷом медиҳад.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд дар соҳаи тандурустии мамлакат як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ гардида истодаанд, ки ба беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ равона шудаанд.

Дар ин замина, иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар кишвар 100 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта шуда, 210 муассисаи дигар таъмир гардидааст. Инчунин, дар семоҳаи якуми соли 2026 дар кишвар 17 муассисаи КАТС сохта ва 18 муассисаи дигар таъмир гардидааст. Айни замон дар 57 муассисаи соҳа корҳои сохтмонӣ ва дар 107 муассисаи дигар корҳои таъмирӣ идома доранд.

Ҳамзамон, бо беҳтар гардидани инфрасохтор, таъмин намудани муассисаҳо бо таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисон, инчунин роҳандозии скрининг ва чорабиниҳои пешгирикунанда, эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ афзоиш ёфтааст.

Дар идомаи ҷаласа як қатор иштирокчиён низ доир ба рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ баромад карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Ҷаласаи маҷозии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар соҳаи гематология доир гашт

Ню Йорк. Иштирок ҳайати вазорат дар иҷросияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми занони СММ

Корҳои ободонӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器