Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ

Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ мақомоти иҷроияи ҳокиммяти давлатӣ буда, вазифаҳои экспертизаи давлатии тиббию иҷтимоии шаҳрвандонро ба амал мебарорад аз ҷумла:

  • муайян намудани ҳолати қобилияти корӣ, муддати дароз ё доимӣ гум кардани қобилияти корӣ;
  • муайян намудани гурўҳ ва сабаби маъюбӣ;
  • гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоии такрорӣ, иловагӣ ва комплексӣ барои муқаррар намудани гурўҳи маъюбии шаҳрвандон;
  • вобаста ба вазъи саломатии маъюбон таҳия намудани тавсияҳо оид ба шароит ва намудҳои меҳнат барои онҳо, касбу корҳои ба онҳо дастрас, ки риояи ин тавсияҳо барои ташкилоту корхона ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ҳатмӣ мебошад;
  • вобаста ба гурўҳи маъюбӣ ва ҳолати маъюбон ба маъюбон тавсия намудани аробачаҳои маъюбӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар намуди воситаҳои ҳаракат, инчунин шаклҳои таълими касбӣ ва тағйири ихтисоси онҳо.

Мақсади асосӣ

Мақсади асосии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ — таъмини муайянсозӣ ва арзёбии ҳолати қобилияти кории шаҳрвандон, муқаррар намудани гурӯҳ ва сабаби маъюбӣ, инчунин таҳия ва пешниҳод намудани тавсияҳо ва воситаҳои зарурӣ барои дастгирии иҷтимоии маъюбон мебошад.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ:

Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ тибқи Низомнома ва ва бо қарорҳои зерин амал мекунад:

  • Қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ” аз 2 декабри соли 2008 № 601;
  • Қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз 6.06.2014 № 394;
  • Қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи Муссисаи давлатии “Маркази экспертизаи тиббию иҷтимоии маъюбон” аз 31.12.2014 № 812;
  • Қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз 27 августи соли 2021, №341;
  • Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ” аз 26 апреи соли 2022 № 177;
  • Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳияи Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон” аз 7 июни соли 2019 №412.

Раванди муайян намудани маъюбӣ

Муайян кардани гурӯҳи маъюбӣ аз ҷониби Хадамот ва сохторҳои он дар маҳал дар асоси Дастуруламал оид ба экспертизаи тиббию иҷтимоие, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад.

Қарор дар бораи муқаррар намудани маъюбӣ ба тариқи машваратӣ бо аксарияти овози мутахассисони шуъбаҳои (бахшҳои) Хадамот, ки экспертизаи тиббию иҷтимоиро мегузаронанд, қабул карда мешавад ва иҷрои он барои мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон ҳатмӣ мебошад.

Руйхати ҳуҷатҳои зарурӣ

  • Ариза
  • Нусхаи шиноснома
  • Иқтибос/Хулоса аз КАТС
  • Корти амбулаторӣ
  • Шакли №88

Раванди корӣ

НИЗОМИ ЭЛЕКТРОНИИ ИТТИЛООТИИ ЭКСПЕРТИЗАИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ

Дар Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ бақайдгирии электронии маъюбон ба роҳ монда шудааст, ки 5 сол боз инҷониб фаъолият карда истодааст. Дар барнома:

  • Маълумотҳои шахсии маъюбон;
  • Нишондодҳои маъюбӣ;
  • Гурӯҳи маъюбӣ;
  • Маъюбони фавтида;
  • Маъюбони қатъгардида;
  • Маъюбоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд

ва тамоми маълумотҳое, ки ба маъюбияти шаҳрванд вобаста мебошад, қарор доранд. Инчунин дар барнома хулосаҳои экспертон, ки баъди экспертиза маълум мегардад, дарҷ мешавад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ЭКСПЕРТИЗАИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ

Хизматрасонии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро дар бар мегирад, ки аз раёсат, бахшҳо, шуъбаҳо ва як муассиса иборат аст. Хизматрасонии шуъба ва бахшҳои Хадамот дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин тақсимбандӣ шудаанд:

  • Раёсати экспертизаи тиббию иҷтимоии бемориҳои махсуси соҳавӣ (н.Варзоб, ш.Ҳисор ва беморони соҳавии ҳаммаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ)
  • Шуъбаи ХДЭТИ дар ш.Душанбе (ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансур)

ШНТҶ  Телефон барои маслиҳат: (992) 98 525 1383 Соатҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00-17:00

  • Бахши байниноҳиявии ХДЭТИ дар ш.Турсунзода (ш.Турсунзода ва н.Шаҳринав)
  • Бахши байниноҳиявии ХДЭТИ дар ш.Ваҳдат (шаҳрҳои Ваҳдат ва Роғун, ноҳияи Файзобод)
  • Бахши ноҳиявии ХДЭТИ дар н.Рӯдакӣ (н.Рӯдакӣ)
  • Шуъбаи минтақавии ХДЭТИ дар н.Рашт (н.Рашт ва беморони соҳавии ҳаммаи минтақа)
  • Бахши байниноҳиявии ХДЭТИ дар н.Нуробод (н.Нуробод ва Сангвор)
  • Бахши ноҳиявии ХДЭТИ дар н.Тоҷикобод (н.Тоҷикобод)
  • Бахши ноҳиявии ХДЭТИ дар н.Лахш (н.Лахш)

Вилояти Хатлон (Минтақаи Бохтар) Телефон барои маслиҳат: (992) 90 660 5555 Соатҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00-17:00

  • Шуъбаи ХДЭТИ дар в.Хатлон (н.Хуросон, Ҷомӣ ва беморони соҳавии ҳаммаи минтақаи вилоят)
  • Бахши байниноҳиявии ХДЭТИ дар ш.Бохтар (шаҳрҳои Бохтар ва Сарбанд, ноҳияҳои Кӯшониён ва Вахш)
  • Бахши байниноҳиявии ХДЭТИ дар н.Шаҳритуз (н. Шарҳритуз, Қубодиен, Н.Хусрав)
  • Бахши байниноҳиявии ХДЭТИ дар н.Ҷ.Балхӣ (н.Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Панҷ)
  • Бахши ноҳиявии ХДЭТИ дар  н.Ёвон (н.Ёвон)

Минтақаи Кулоб Телефон барои маслиҳат: (992) 90 454 4463 Соатҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00-17:00

  • Шуъбаи минтақавии ХДЭТИ дар ш.Кӯлоб (ш.Кулоб, н.Восеъ ва беморони соҳавии ҳаммаи минтақа)
  • Шуъбаи байниноҳиявии ХДЭТИ дар н.Данғара (ноҳияҳои Данғара, Балҷувон, Темурмалик ва ш.Норак)
  • Шуъбаи байниноҳиявии ХДЭТИ дар н.Фархор (ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ)
  • Бахши байниноҳиявии ХДЭТИ дар н.Муминобод (ноҳияҳои Муминобод, ш.Шоҳин ва Ховалинг)

Вилояти Суғд Телефон барои маслиҳат: (992) 92 893 0000 Соатҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00-17:00

  • Шуъбаи ХДЭТИ дар в.Суғд (н.Ашт, Ҷ.Расулов ва беморони соҳавии ҳаммаи минтақаи вилоят)
  • Шуъбаи байниноҳиявии ХДЭТИ дар н.Б.Ғафуров (шаҳрҳои Б.Ғафуров, Гулистон ва Бӯстон)
  • Шуъбаи байниноҳиявии ХДЭТИ дар ш.Истаравшан (ш.Истаравшан, н.Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон)
  • Шуъбаи байниноҳиявии ХДЭТИ дар ш.Панҷакент (ш.Панҷакент, н.Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ)
  • Бахши байниноҳиявии ХДЭТИ дар Хӯҷанд (шаҳрҳои Хӯҷанд, Истиқлол ва ноҳияҳои Масчоҳ ва Спитамен)
  • Бахши байниноҳиявии ХДЭТИ дар Конибодом (шаҳрҳои Конибодом ва Исфара)

ВМКБ Телефон барои маслиҳат: (992) 90 699 7979 Соатҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00-17:00

  • Шуъбаи ХДЭТИ дар ВМКБ (ш.Хоруғ, ноҳияҳои Рошқалъа, Рушон, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб)
  • Бахши байниноҳиявии ХДЭТИ дар н.Ванҷ (ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз)

         Муассиса

  • Муассисаи давлатии «Маркази экспертизаи тиббию иҷтимоии маъюбон»-и Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ  

Маълумоти тамос барои гирифтани машваратҳо

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ:

Нишонӣ: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 69 Телефон: (992) 372 21-15 32 Email: info@moh.tj Сайт: www.moh.tj

Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии ВТҲИА:Нишонӣ: ш. Душанбе Телефон барои маслиҳат: (992) 98 525 1383 Соатҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00-17:00

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search