Хона-интернатҳо муассисаҳои давлатии иҷтимоӣ мебошанд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ амал мекунанд. Онҳо барои таъмини шароити зист, ғизо, нигоҳубини тиббӣ ва фаъолияти фароғатии гирандагони хизматҳои иҷтимоӣ -эҳтиёҷмандон ба будубоши доимӣ (бенефитсиарҳо) таъсис ёфтаанд.
Ҳадафҳо
Ҳадафи асосии барнома таъмини шароити муносиб барои зиндагии шоиста ва дастгирии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбон, аз ҷумла дорои бемориҳои рӯҳие мебошад, ки аз ғамхории оилавӣ маҳруманд. Барнома ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, нигоҳубини тиббӣ, психологӣ ва маишии сокинони хона-интернатҳо равона шудааст.
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ” шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ қарор доранд, аз чунин ҳуқуқҳо бархурдоранд:
- таъмин шудан бо шароити зисти ба талаботу меъёри санитарӣ-гигиенӣ ҷавобгӯй;
- нигоҳубин, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, дандонпизишкӣ дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ пешниҳодшаванда;
- офиятёбии тиббӣ ва мутобиқшавии иҷтимоӣ;
- ихтиёрӣ ширкат намудан ба ҷараёни табобати меҳнатӣ, бо назардошти вазъи саломатӣ, майлу хоҳиш мувофиқи хулосаи тиббӣ ва тавсияи меҳнатӣ;
- ташхиси тиббию меҳнатӣ мувофиқи нишондоди тиббӣ барои муқаррар ва ё иваз намудани гурӯҳи маъюбӣ;
- ҷудо кардани хона барои ибодат ва иҷрои суннату маросимҳои динӣ, ки барои гузаронидани онҳо шароити мувофиқи ба тартиботи дохилӣ мухолифнабударо дорад, бо назардошти манфиати диндорони мазҳабҳои гуногун.
- Шаҳрвандони дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ қарордошта, ки ба кӯмаки махсуси тиббӣ ниёз доранд, ба муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустӣ барои муоина ва табобат фиристонида мешаванд.
Бенефитсиарҳои асосӣ:
- пиронсолон (барои мардон аз 63-сола боло ва барои занон аз 58-сола боло), ки ба нигоҳубини доимӣ ниёз доранд;
- шахсони маъюби гурӯҳҳои I ва II, ки имконияти мустақилона зиндагӣ карданро надоранд;
- шаҳрвандоне, ки гирифтори бемориҳои рӯҳӣ мебошанд;
- кӯдакони маъюбӣ то синни 18 солла.
Асосҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
Фаъолияти хона-интернатҳо тибқи санадҳои зерини меъёрӣ танзим мегардад:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ” аз 5 январи соли 2008, №359;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон аз 29 декабри соли 2010, №675;
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри 2012, №724 «Дар бораи Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ»;
- Оинномаҳои муассисаҳои будубоши доимӣ;
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №489 аз 4 ноябри соли 2019 “Дар бораи тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ, муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ, талаботи нисбати кормандони муассисаҳои мазкур ва номгӯи хизматҳои пешниҳодшаванда;
- Санадҳои меъёрии дохилӣ ва дастурамалҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Номгӯи намудҳои хизматрасониҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, пешниҳод карда мешаванд
Номгӯи мазкур рӯйхати муфассали ҳаҷм ва намудҳои асосии хизматрасонии итҷимоиро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гурӯҳҳои иҷтимоии шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта пешбинӣ гардидаанд, муайян менамояд ва асосан чунин намудҳои хизматрасонӣ иборат мебошад:
- хизматрасонии иҷтимоии маишӣ
- хизматрасонии иҷтимоии тиббӣ
- хизматрасонии иҷтимоии равонӣ
- хизматрасонии иҷтимоии педагогӣ
- хизматрасонии иҷтимоии ҳуқуқӣ
Шумораи хона-интернатҳо дар ҷумҳурӣ
Дар низоми муассисаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 7 хона-интернат, аз ҷумла:
- 4 хона-интернат барои маъюбони бемориҳои рӯҳӣ
- 3 хона-интернати барои пиронсолон ва маъюбон мавҷуд мебошад.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ҷойгиркунонии шаҳрвандони ниёзманд ба муассисаҳои будубоши доимӣ:
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти истифодабарандаи эҳтимолии хизматҳои иҷтимоӣ (намояндаи ӯ);
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи қонуни истифодабарандаи эҳтимолӣ (ҳангоми муроҷиати намоянда намоянда барои гирифтани хизматҳои иҷтимоӣ);
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойи истиқомат ё будубоши он, ҷойи воқеии истиқомати истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ (намояндаи он);
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти ҳолатҳое, ки вазъи ҳаётгузаронии истифодабарандаи эҳтимолиро бад кардаанд ё бад карда метавонанд ва он ҳолат барои эътироф намудани шаҳрванд ҳамчун шахси эҳтиёҷманд ба хизматрасонии иҷтимоӣ муассисаҳои будубоши доимӣ асос шуда метавонд;
- хулосаи муассисаи тиббиии ваколатдор дар бораи мавҷуд набудани бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои дигаре, ки боиси рад намудани пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ мегардад;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбии истифодабарандаи эҳтимолӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи нафақагир будани истифодабарандаи эҳтимолӣ.
Маълумоти тамос барои гирифтани машваратҳо
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ:
ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 69
Телефон: (992) 372 221752
Email: info@moh.tj
Сайт: www.moh.tj
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии МЗСЗН:
Нишонӣ: ш. Душанбе
Телефон барои маслиҳат: (992) 372 446100057
Соатҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00-17:00
Шӯъбаҳои вилоятӣ ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо: Соатҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00-17:00
- Душанбе: 4 ноҳия (992) 987 41 0000
- ШНТҶ: 13 шаҳру ноҳияҳо (992) 918656538
- вилояти Суғд: 18 шаҳру ноҳияҳо (992) 927 61 1411
- Вилояти Хатлон: 25 шаҳру ноҳияҳо (992) 930 55 5268
- ВМКБ: 8 шаҳру ноҳияҳо (992) 935 33 8356
Номгӯйи хона – интернатҳо:
- МД «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон» (992) 904-10-77-52
- МД «Хона-интернати ҷумҳуриявии пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент” (992) 92-891-34-69
- МД «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» (992) 9336644 49
- Муассисаи давлатии «Маркази ҷумӣуриявии будубоши доимии маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ дар н. Кушониён» (992) 98-266-77-77
- МД«Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» (992) 918-64-06-06
- МД«Хона-интернати беморони руҳии ноҳияи Восеъ» (992) 88-500-77-62
- МД «Хона-интернати беморони руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов” (992) 97-516 66-16
Нишондиҳандаҳои оморӣ ва натиҷаҳои мухтасар
Ҳаҷми маблағгузорӣ ба бошандагони муассисаҳо низоми ҳифзи иҷтимоӣ:
Солҳои 2020-2025:
- 2020: Маблағи умумӣ – 30.3 млн. сомонӣ | Шумораи кат ҷойҳо 1355
- 2021: Маблағи умумӣ – 31,2 млн. сомонӣ | Шумораи кат ҷойҳо 1355
- 2022: Маблағи умумӣ – 32,2 млн. сомонӣ | Шумораи кат ҷойҳо 1355
- 2023: Маблағи умумӣ – 34,7 млн. сомонӣ | Шумораи кат ҷойҳо 1355
- 2024: Маблағи умумӣ – 41,5 млн. сомонӣ | Шумораи кат-ҷойҳо 1355
- 2025: Маблағи умумӣ – 53 млн. сомонӣ | Шумораи кат ҷойҳо 1355
Дастовардҳои иҷтимоӣ:
- тадриҷан ҳал гардидани мушкилоти ҷойгирнамоии маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ дар хона-интернатҳо тавассути васеънамоии онҳо ва табдили хона-интернати пиронсолону маъюбон ба хона-интернати бемориҳои руҳӣ;
- мусоидат ҷиҳати рафъи ҳолати душвори зиндагӣ ва дастгирии оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, баргардонидан ба муҳити оилавӣ;
- муҳайё намудани шароит ба бошандагони муассисаҳо ҷиҳати ба муҳити оилавӣ мутобиқ намудани ҳуҷраҳои бошандагон;
- таҷҳизонидан ва фароҳам овардани шароити тавонбахшӣ дар хона-интернатҳо;
- ба анҷом расонидани корҳои ободонӣ, таъмиру азнавсозии иншоот;
- мусоидат ба беҳдошти солимии бошандагони хона-интернатҳо;
- ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ва беҳтарнамоии сифати ғизо барои бошандагон;
- васеъгардии кумакҳои хайривӣ аз ҷониби сарпарастон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони саховатпешаю хайрхоҳ.