Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2025

25-уми октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати тандурустии вилояти Суғд вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти раёсати мазкур ва зерсохторҳои он дар нуҳ моҳи соли 2025 баргузор гашт, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода, сардорони сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо ва доираи васеи кормандону масъулини соҳаи тандурустии вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ нахуст ҳисоботи роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои фаъолияти раёсати мазкур ва зерсохторҳои он дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар давоми нуҳмоҳаи соли 2025 рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чун дигар манотиқи мамлакат дар вилояти Суғд низ маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гашта, баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Махсусан, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилоят дар ин давра аз ҳамаи сарчашмаҳо 980 адад таҷҳизоту лавозимотҳои тиббӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас карда шуданд.

Дар соли 2025 таъмир ва сохтмони 101 адад муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба наќша гирифта шудааст, ки аз ин таъмири 86 адад марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатии деҳот, бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, сохтмони 15 адад марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатии деҳот, бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои хизматрасонро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ сохтмони Бунгоҳи саломатии Шамсободи деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, таъмири шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдакона ва таваллудхонаи Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаи бачагонаи шаҳри Конибодом ба анҷом расонида шуданд. Дар ноҳияи Ашт бошад, Бунгоҳи саломатии Куҳсори деҳоти Понғоз ва Маркази саломатии деҳоти Марҳамат аз таъмир бароварда шуданд.

Гуфта шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ дар Маркази клиникавии эндокринологии вилоятӣ, Маркази саратоншиносии вилоятӣ, Беморхонаи шаҳрии №1 ва дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ бо маром идома доранд.

Дар баробари ин, дар ноҳияҳои Масчоҳ сохтмони бинои иловагии Беморхонаи марказӣ ва дар ноҳияи Деваштич сохтмони Беморхонаи минтаќавии деҳоти Далёни боло низ ба ҳолати имрӯза ҷараён доранд.

Ҳамин тариқ, дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ бо мақсади таҷлили сазовори ҷашнҳои бузурги миллӣ айни ҳол корҳои сохтмонӣ ва таъмири муассисаҳои тиббӣ вусъати тоза касб намуда истодаанд.

Айни замон дар вилояти Суғд 944 муассисаҳои тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 136 муассисаҳои госпиталӣ, 808 сохтори КАТС ва 293 хусусӣ, ки аз онҳо 157 ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд бо 58 намояндагӣ ва 78 соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, фаъолият менамоянд.

Дар вилоят 15 756 катҳои бистарӣ, 13 703 катҳо дар муассисаҳои давлатӣ ва 2053 катҳо дар муассисаҳои хусусии тиббӣ мебошанд.

Аснои баромади ҳисоботӣ роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд доир ба дигар самтҳои фаъолияти раёсати мазкур дар ин давра, аз ҷумла вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, вазъи маъюбон, вазъи бемориҳои гуногун, ҷараёни иммунизатсияи кӯдакон, иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва дигар бахшҳо маълумот дод.

Дар идомаи ҷаласаи мазкур ва баъди шунидани ҳисоботи роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд вобаста ба фаъолияти раёсат ва зерсохторҳои он дар нуҳ моҳи соли равон вазъи соҳаи тандурустии вилоят бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасии амиқ карда шуд.

Аз ҷумла ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисон, такмили ихтисос ва бозомӯзии табибон дар дохил ва хориҷи кишвар, пешгирии фавти модару кӯдак ва боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти муассисаву шуъбаҳои дар ин самт фаъолияткунанда, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, таъмиру тармим ва бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, иҷрои саривақтии барномаву стратегияҳои соҳавӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни кормандони соҳа, омодагии ҳамаҷониба ба давраи зимистонгузаронӣ, аз ҷумла захира намудани маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣии ҳудуди вилоят ва дигар самтҳои муҳими соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Дар анҷоми ҷаласаи ҳисоботӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, сардорони сохторҳои соҳавии вилояти Суғд ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search