Нимаи дуюми имрӯз бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемориҳои сироятии мавсимӣ маъракаи ваксинатсия бар зидди вирусҳои зукоми навъи А ва навъи B дар Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №13”-и шаҳри Душанбе дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид.
Нахустин шуда роҳбарияти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ва дигар кормандони соҳа ваксинаи зидди вирусҳои зукоми навъи А ва навъи B-ро гирифтанд.

Ҳадафи асосии чорабинии номбурда-ин пешгирии бемории зукоми мавсимӣ, ки сабабгораш вирусҳои зукоми навъи А ва навъи B мебошанд, нигоҳ доштани қобилияти кории кормандони тиб барои саривақт расонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологӣ дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.
Тибқи тартиби муқараргардида, иммунизатсия бар зидди бемории зукоми мавсимӣ дар рӯзҳои муайянгардида бо ҷалби ваксинаторҳои пуртаҷриба амалӣ карда мешавад. Барои амалӣ намудани чорабинии мазкур дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат тамоми имкониятҳо мавҷуд буда, шахсони масъул оид ба ташкил ва гузаронидани иммунизатсия таъин гардидаанд ва чорабинӣ дар асоси таҷрибаи «Иммунизатсияи бехатар» ба роҳ монда мешавад.
Бояд гуфт, ки баҳри амалинамоии иммунизатсияи мазкур ваксинаи моеъгии ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории зукоми мавсимӣ «GCFLU Quadrivalent Multi» дастрас гардида, он бо тариқи сӯзандору даруни мушаки делтамонанди китфи дасти чап ё рост ворид карда мешавад. Таркиби ваксина аз маҳлули тазриқӣ, антигени ғайрифаъоли тозакардашудаи вируси зуком, буферҳо, ба монанди хлориди натрий, хлориди калий, кислотаи фосфории натрий, диҳидрофосфати калий ва консерванти тимеросал иборат буда, он дар зарфҳои бисёрвояга истеҳсол шуда, 10 вояро ба андозаи 5 мл дарбар мегирад.


